ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд

Ноябрь 16, 2020 08:09

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2 -7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 1 +6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 16, 2020 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд