ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад

Ноябрь 19, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 19.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  абрнок шуда, боридани барф дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2-7дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  6-11   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа  хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона   ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона  2-4 дараҷа хунук мешавад.

Ноябрь 19, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад