Олимони немис маҳсулоти табииеро, ки COVID-19-ро маҳв мекунад, номбар карданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони немиси Пажӯҳишгоҳи вирусологии молекулавии Маркази тиббии Донишгоҳи Улм маҳсулоти табииеро, ки 97% коронавируси SARS-CoV-2 -ро маҳв мекунад, муайян карданд. Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», натиҷаи таҳқиқот дар маҷаллаи bioRxiv нашр шудааст.
Чунончи, коршиносон муайян карданд, ки назар ба ҳар чизи дигар ин вирусро афшураи меваи ғубайро (рябина)-и сиёҳ маҳв мекунад. Ғайр аз он, афшураи анор низ метавонад то 80% патогенҳои COVID-19-ро нобуд кунад.
Олимон зикр кардаанд, ки дигар афшураҳои табиӣ ва инчунин чойи сабз ба коҳиши сирояти коронавирус таъсири судманд доранд. Ба гуфтаи онҳо, ин маҳсулоти табиӣ дорои муҳити турш ва полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки ба вирус таъсири манфӣ мерасонанд.
Аз оғози пандемия дар ҷаҳон беш аз 54 миллион бемори гирифтори коронавирус сабт шуда, зиёда аз 37,5 миллион нафар одамон шифо ёфтаву беш аз як миллион нафар ҷон бохтаанд. Дар Россия зиёда аз 1,9 миллион нафар шахсони гирифтори COVID-19 муайян карда шуданд. Федератсияи Россия аввалин кишварест, ки дар ҷаҳон ваксинаи зидди COVID-19 -ро ба қайд гирифт. Доруро Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф.Гамалея дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Россия таҳия ва номи онро «Спутник V» гузоштаанд. 15 октябр президенти Россия Владимир Путин дар бораи сабти ном шудани ваксинаи дуюми зидди COVID-19, ки «ЭпиВакКорона» номгузорӣ шудааст, хабар дод. Ин ваксина дар маркази «Вектор» -и Новосибирск коркард шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






