«ПРЕЗИДЕНТИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Таҳти ин унвон дар Данғара ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 14, 2020 20:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  14 ноябр дар ноҳияи Данғара  бахшида ба Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) таҳти унвони «Президенти ман-ифтихори ман» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз макони баргузории  ҳамоиши мазкур иттилоъ медиҳад, дар ин ҷамъомади тантанавӣ муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Абдусалимзода, намоядагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои марбутаи  ҷумҳурӣ  иштирок намуданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара масъулон пешвоз гирифта, онҳо  боздидро  нахуст аз тамошои Осорхонаи мактаби Пешвои миллат дар Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳия оғоз намуданд.

Сипас меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара», ки дар он Китобхона ва Осорхонаи давлатӣ оид ба фаъолияти меҳнатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, боздид  карданд.

Дар Қасри фарҳанги ноҳия таҳти унвони «Президенти ман-ифтихори ман»  бо иштироки меҳмонон ва намояндагони вазорату идораҳои ноҳияи Данғара ва донишҷӯён ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки «Дар Тоҷикистон   ҷашнҳои  гуногун  ва  барномаҳои   фарҳангию  сиёсӣ  бо  рамзу анъана ва суннатҳои  миллӣ  хеле зиёд  муаррифӣ  мегарданд  ва  мардум онҳоро  бо  шодию сурур ва  ифтихормандӣ   истиқбол мегиранд. Дар баробари самимияту  эҳтироми хосса ва арҷгузориҳо ба Рӯзи  Президент, ки  дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ин  ҳамоиши сиёсӣ   иқдоми накӯи дигарест, ки  барои  қадршиносии заҳматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва  вориси тоҷикони ҷаҳон муҳимияти  хосса дорад».

«Ташаккули  давлатдории Тоҷикистон дар даҳсолаи аввали ҳазораи нав барои равнақи рўзафзун, ташаккули бахшҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, роҳ кушодан барои амалигардонии ниёзҳои ҷомеаи муосир заминаҳои муҳим ва муассир фароҳам оварда истодааст. Ба таври воқеӣ метавон изҳор дошт, ки шурўъ аз оғози асри нав Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти хеш ворид гардида, амалкарди чанд барномаи муҳими давлатиро барои расидан ба ҳадафҳои аслии дурнамои рушди мамлакат аз сар гирифт, ки имрўз мо метавонем аз ҷамъбаст ва дар ҳадди зарурӣ, аз анҷоми муваффақонаи ин барномаҳои пешрафта, ки ба сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро наздик месозанд, сухан гӯем»,-афзуд Хайринисо Юсуфӣ.

Дар ҳамоиши ҳамчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  доир ба нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории тоҷикон сухан гуфтанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода иброз дошт, ки «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолият тағйироти куллӣ ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мамлакат заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар, ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад».

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Меҳмонон ҳамзамон аз деҳаи Пушинги Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳия, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, хоҷагии «Хоҷӣ Лайло» ва ҷараёни корҳои истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ ва косметологии ЧДММ «Фарм текс» дидан намуданд.

Ноябрь 14, 2020 20:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд