САРДИҲОИ БАРОИ ИН ВАҚТИ СОЛ ҲАЙРАТОВАР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар ин бора роҳбари илмии Маркази гидрометеорологии Россия изҳори назар кардааст

Ноябрь 23, 2020 10:15

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби қисми аврупоии Россия — вилоятҳои Волгоград, Астрахан ва Ростов ҳаво ба таври тааҷҷубовар ва ғайримуқаррарӣ  сард аст. Ба таври истисноӣ, дар Осиёи Марказӣ низ ҳаво бениҳоят сард аст: дар Тошканд,  Душанбе, Ашқобод, Ӯзбекистон ва Туркманистон барои ин вақти сол ҳаво бениҳоят сард аст. Тафовут аз меъёр то 12-16 дараҷа бо аломати манфӣ дар он ҷо кам ба назар мерасад, иттилоъ додааст ба ТАСС директори илмии Маркази гидрометеорологии Россия Роман Вилфанд.

Ба гуфтаи Вилфанд, самти шимоли қисмати аврупоии Россияро, баръакс, рӯзҳои наздик гармии ғайримуқаррарӣ интизор аст. Ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа гармтар хоҳад шуд.

«Дар натиҷа, ҳолати ғайримуқаррарӣ рух медиҳад: ба шимол мавҷи ҳавои хеле гарм меояд ва дар он ҷо ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа баланд мешавад, вале дар ҷануб 4-7 дараҷа аз меъёр камтар мешавад. Азбаски меъёрҳо гуногунанд, пас ба назар чунин мерасад, ки ҳарорат дар тамоми ҳудуди Россия яксон аст», — зикр кард обуҳавошинос.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз, 23 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво абрнок аст, вале тадриҷан соф мешавад, дар баъзе ҷойҳо борон ва барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар Душанбе ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.

                                                      АКСИ: inthecold.ru

Ноябрь 23, 2020 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон