САРДИҲОИ БАРОИ ИН ВАҚТИ СОЛ ҲАЙРАТОВАР ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар ин бора роҳбари илмии Маркази гидрометеорологии Россия изҳори назар кардааст
ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби қисми аврупоии Россия — вилоятҳои Волгоград, Астрахан ва Ростов ҳаво ба таври тааҷҷубовар ва ғайримуқаррарӣ сард аст. Ба таври истисноӣ, дар Осиёи Марказӣ низ ҳаво бениҳоят сард аст: дар Тошканд, Душанбе, Ашқобод, Ӯзбекистон ва Туркманистон барои ин вақти сол ҳаво бениҳоят сард аст. Тафовут аз меъёр то 12-16 дараҷа бо аломати манфӣ дар он ҷо кам ба назар мерасад, иттилоъ додааст ба ТАСС директори илмии Маркази гидрометеорологии Россия Роман Вилфанд.
Ба гуфтаи Вилфанд, самти шимоли қисмати аврупоии Россияро, баръакс, рӯзҳои наздик гармии ғайримуқаррарӣ интизор аст. Ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа гармтар хоҳад шуд.
«Дар натиҷа, ҳолати ғайримуқаррарӣ рух медиҳад: ба шимол мавҷи ҳавои хеле гарм меояд ва дар он ҷо ҳарорат аз меъёр 8-10 дараҷа баланд мешавад, вале дар ҷануб 4-7 дараҷа аз меъёр камтар мешавад. Азбаски меъёрҳо гуногунанд, пас ба назар чунин мерасад, ки ҳарорат дар тамоми ҳудуди Россия яксон аст», — зикр кард обуҳавошинос.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз, 23 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво абрнок аст, вале тадриҷан соф мешавад, дар баъзе ҷойҳо борон ва барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Дар Душанбе ҳарорат шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.
АКСИ: inthecold.ru








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






