Савганди Президенти Тоҷикистон — сармашқи кори ҳар хизматчии давлатист

Ноябрь 16, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кадоми моро водор мекунад, ки беихтиёр саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлолро варақгардонӣ намоем. Дар ин росто месазад суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард»-ро ибтидои иттиҳоди тоҷикон ва созандагӣ барои ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии мо унвон намоем. Ин матлабро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов  дар маҷлиси тантанавии Агентии хизмати давлатӣ,  ки ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-савганд ва рўзномаи кории ҳар як хизматчии давлатист» бахшида шуда буд, иброз намуд.

Ҷ. Давлатов изҳор дошт, ки муҳаққиқон талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмонро барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлат яке аз муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мо донистаанд, зеро доштани давлатдории миллӣ маънои амалӣ гардидани тамоми орзую ормонҳои ниёгон ва заминаи татбиқи ҳадафҳои насли имрўзу фардо мебошад.

Дар суханрониҳои аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо гуфта буданд: «Ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошам» ва ҳамин таъбир заминаи сохти давлатдории навини тоҷикон гардида, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона асос гузошт.

Дар идома директори Агентии хизмати давлатӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ба риштаи таҳлил кашида, гуфт, ки “имрўз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ва аз ҷумла, хизматчиёни давлатӣ низ бо қадршиносию арҷгузорӣ аз хидматҳои содиқонаи Сарвари хизматчиёни давлатӣ-абармарди давлатсозу ватанпараст дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъу ҳамдиланд ва дар баробари ҳар кадом сокини ин сарзамин дар роҳи рушди мамлакати биҳиштосоямон ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ бо пайравӣ аз Президенти маҳбуби худ қадамҳои устувор мегузоранд”.

Ҷ. Давлатов вазифаҳои ниҳоди хизмати давлатиро, ки аз суханронии Пешвои миллат дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябри соли 2020 бармеоянд, ёдовар шуда, зикр  намуд, ки савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ва рўзномаи кории ҳар хизматчии давлатӣ дониста мешавад.

Дар ҷаласа инчунин директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодат Ғанизода, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шоира Сайидализода сухан гуфта, муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода дар мавзўи «Эъморгари Ваҳдат ва пуштибони миллат» ва директори Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» Дилором Сайдаҳмадзода дар мавзўи «Нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ» маърӯза намуданд.

Ноябрь 16, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд
Нақши Пешвои миллат дар ҳифзи сарчашмаҳои ҳаёт дар заминаи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ
Ба сокинони ноҳияи Шаҳринав 272 ҷойи кор пешниҳод карда шуд
Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд