Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои бозгашт аз Россия ба ватан мустақиман, бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатӣ, чипта харидорӣ намоянд

Ноябрь 14, 2020 09:25

ДУШАНБЕ, 14.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиш сирояти нави коронавируси КОВИД-19 дар Ҷмҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан, қарор қабул карда шудааст, ки фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоии хатсайрҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар»  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, аз санаи 16.11.2020 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, барои бозгашт аз Федератсияи Россия ба ватан мустақиман, бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия, чипта харидорӣ намуда, озими Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд.

Парвозҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Федератсияи Россия (Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск, Сургут) амалӣ карда шуда, фурӯши чиптаҳо дар асоси ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои Россия, ки дар зер оварда мешавад, ба роҳ монда мешавад:

  1. ш.Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаи чиптафурӯшии №88, тел: 89295994541;
  2. ш.Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаи чиптафурӯшии № 40, тел: 89295994541;
  3. Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451
  4. ш.Москва, км. 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40/3, бинои 1 Меҳмонхонаи (гостевой дом) “Тоҷикистон”, тел: 89264550055;
  5. ш.Санкт-Петербург — Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886
  6. ш.Санкт-Петербург — Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;
  7. ш.Новосибирск — Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 891611335998, 89035120420
  8. ш.Екатеринбург — к.Техническая, хонаи 35, тел: 891756811253;
  9. ш.Красноярск — Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск, тел: 891611335998, 89035120420;
  10. ш.Иркутск — шаҳраки Ангарск, маҳаллаи 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 891611335998, 89035120420
  11. ш. Қазон — Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420;
  12. ш.Уфа — Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420;
  13. ш. Сургут — к. Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;
  14. ш.Краснодар — Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253.

Барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Россия минбаъд зиёд карда мешавад ва оид ба нуқтаҳои нави фурӯш маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои дар боло қайдшуда, харидорӣ намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд.

Арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия) арзиши чипта коҳиш меёбад.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафардошта бояд, ки талаботҳои синитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироят будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва ё мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд лутфан бо рақамҳои зер муроҷиат намоед:

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

+992 (37) 222 22 36, +992 (37) 222 22 39, +992 (37) 222 22 43, info.caa@yandex.tj

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”

+992 (93) 777 74 59, +992 (44) 640 40 49, +992 (44) 640 40 50, +992 (44) 640 40 48,

call-center@somonair.com

claims@somonair.com

Ноябрь 14, 2020 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид