Шермуҳаммад Шоҳиён: Нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Дар робита ба он имрӯз дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли миллӣ, бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, ягона ва дунявӣ дар Тоҷикистон, муттаҳидию сарҷамъии миллат, таҳкими низоми судии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд сухан кард. Зикр шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Шермуҳаммад Шоҳиён афзуд, ки 16 ноябр эълон гардидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Мутобиқи моддаи 1 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад». Дар кишварҳои ҷаҳон шаклҳои гуногуни идораи давлат, назири шакли идораи парламентӣ, президентӣ, омехта- президентӣ- парламентӣ ва монархӣ ё шоҳӣ мавҷуданд. Дар давлатҳои шакли идораи президентӣ чун қоида Президент аз ҷониби халқ интихоб гардида, сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад, шахси мансабдори олӣ маҳсуб ёфта, дар идораи давлат нақши асосӣ иҷро менамояд.
Раиси Суди Олии ҷумҳурӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамзамон зикр намуд, ки Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии миллат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили мамлакат ва муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олии ҷумҳурӣ роҷеъ ба нақши Президент дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳокимияти судӣ, Президент- ҳомии Конститутсия, қонунҳо, озодии инсон ва шаҳрванд, ниҳоди президентӣ ва ҳокимияти судӣ сухан карда, зикр намуданд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида маҳсуб мешавад.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президент барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлоли сиёсӣ заминаи мусоид мегузорад.










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






