Шоми 10 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд

Ноябрь 10, 2020 19:40

ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  10 ноябр, соати 19:37 бо вақти маҳаллӣ дар километри 22-юм аз самти маркази ноҳияи Рашт заминҷунбӣ сабт гардид, ки дар умқи 10 километр аз сатҳи Замин рух додааст.

Тибқи иттилои марказҳои зилзилашиносӣ, маркази заминҷунбӣ дар километри 150-уми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар минтақаи Рашт ҷойгир буд. Бархе аз марказҳои зилзилашиносӣ шиддати заминҷунбиро 5,3 балл нишон додаанд.

То ҳол дар бораи хисорот ва пайомадҳои дигари ин заминҷунбӣ иттилое нест.

Ноябрь 10, 2020 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад