Соҳибкорон ва сармоягузорони Корея ба МОИ «Кӯлоб» ташриф оварданд

Ноябрь 11, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сармоягузорону соҳибкорони  ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла Koshuma Gaia Energy Co., LTD, LTD Daebo Paint Co., LTD, Dreambios Co., LTD, Younglim Enterprise, Eco Withus Co., LTD, Indisair Co., LTD, G-Flatform Co., LTD таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсия “Koshuma” (Korean Smart Technology Association)  — Ҷаибок Сим (Jaebok Sim) ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ташриф оварда, бо роҳбарони он мулоқот намуданд.

Тавре аз маъмурияти МОИ “Кӯлоб” ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ба соҳибкорону сармоягузорони Корея оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, самтҳои афзалиятнок дар ҳудуди минтақа ҷойдошта ва бартарияти фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар  самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, паркҳои технологӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхона ва озмоишгоҳҳои муосир оид ба истеҳсоли моҳӣ ва хӯроки он, коркард ва содироти маҳсулоти моҳигӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Корея ва имтиёзи андозию гумрукии мавҷуда ибрози назар намуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар айни ҳол беш аз 180 ширкати бонуфузи кореягии истеҳсолкунандаи технологияҳои муосир дар соҳаи сохтмон, саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Ноябрь 11, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад