СУРАТ-ДАЛЕЛ. Сабоҳат Раҳимзода чанд акси занони роҳрӯбро дар Фейсбук гузошт

Ноябрь 26, 2020 15:38

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар» /. «Ҷолиби диққат аст, ки Раиси шаҳр (Душанбе – тавзеҳи АМИТ «Ховар») муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври муназзам меҳнати занонеро, ки дар идораи манзил ва роҳ кор мекунанд, қадр менамоянд. Рӯзе бо онҳо вохӯрдам, якҷоя кор кардем, чой нӯшидем ва сипас муддате шодӣ намудем. Онҳо бисёр меҳрубон ва дилкушоданд». Чунин навиштаро бо чанд акс Сабоҳат Раҳимзода имрӯз дар сафҳаи фейсбукиаш гузоштааст. Ва ҳақ ба ҷониби ӯст.

Оҳ, ин занони роҳрӯб! Онҳо меҳрубон, дилкушод ва хушҳоланд. Ба ин бовар кардан душвор аст, вақте шуморо ба тамошои ана ҳамин гуна аксҳо даъват мекунанд.

Ҳатто зеботарин зани фаррош дар Душанбе зиндагӣ мекунад! Ин Мунира Мирзоеваи 24-сола аст, ки панҷ сол қабл тибқи сомонаи санъат ва илмҳои гуманитарии «The Atlas of Beauty» ба рӯйхати зеботарин занони ҷаҳон шомил шуда буд.

Чунин ба назар мерасид, ки мо онҳоро ҳар рӯзу ҳар соат мебинем ва дар онҳо ҳеҷ чизи махсусе вуҷуд дошта наметавонад ва агар бошад ҳам, мо бояд онро аллакай ҳазор маротиба медидем, аммо на.

Рӯзи корӣ барои ин занон соати чоруними субҳ оғоз мешавад. Роҳрӯбон бо ҷорӯбҳои дастӣ ба роҳрӯбӣ шурӯъ мекунанд. Рӯзона занони дар тан камзӯли афлесунрангро дидан мумкин аст, ки замин кофта, гулу буттаҳо мешинонанд ва гулзорҳои канори роҳро нигоҳубин мекунанд.

Онҳо ҳамеша серкоранд. Ҳар рӯз партовҳои нав пайдо мешаванд. Рӯзи душвортарин барои онҳо рӯзи душанбе аст. Рӯзҳои истироҳат одамон дар ҳавлӣ дар назди нишастгоҳҳо ва даромадгоҳҳо бисёр чизҳо мепартоянд. Гарчанде ки дар наздикӣ қуттиҳои партов ва қуттиҳои қоғазӣ мавҷуданд.

Имрӯзҳо, мо аксар вақт ҳузуру ҳаловатеро, ки одамони дигар дар атрофи мо фароҳам меоранд, қадр намекунем, мехоҳем, ки барои мо бароҳат бошад, ҳавлиҳо тоза ва озода бошанд, аммо ин кор чӣ гуна карда мешавад, кам фикр мекунем. Гарчанде сокинони шаҳр ба роҳрӯбҳои худ изҳори миннатдорӣ мекунанд, партовҳо аз ин кам намешаванд.

Имрӯзҳо кори роҳрӯбҳои Душанбе зиёдтар шудааст. Аввалан, пандемия: хадамоти коммуналии пойтахт ба тозагӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. Дуввум, Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ 23 сентябри соли равон зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи шаҳр сокинонро даъват карданд, ки пойтахти азизамонро ба экомегаполиси муҳташам табдил диҳем.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ заҳмати онҳоро эҳтиром ва қадр мекунанд. Раиси шаҳр ҳамасола кормандзанони хадамоти коммуналӣ ва роҳро ба муносибати Рӯзи Модар (8 март), иди Наврӯз ва Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи аввали моҳи июн таҷлил карда мешавад, табрик мекунанд. Соли гузашта Рустами Эмомалӣ дар арафаи Рӯзи Модар барои кумак ба кормандони идораҳои нигоҳдории роҳҳои пойтахт 4 миллиону 719 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, дастур доданд, ки мукофотпулиҳо ба занон ботантана расонида шаванд. Зиёда аз 3000 заноне, ки пойтахтро тоза нигоҳ медоранд ва онро шукуфон мекунанд, аз ҷониби маъмурияти шаҳр кумаки молиявӣ гирифтанд.

«Пойтахти Тоҷикистон — Душанбе дорои шуҳрати шаҳри бисёр тоза мебошад. Ин, пеш аз ҳама, шоистаи артиши занони роҳрӯб аст», — менависад рӯзноманигор Лидия Исамова. Ва ҳақ ба ҷониби ӯ низ ҳаст.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

САБОҲАТ РАҲИМЗОДА соли 1968 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1981 Академияи илмҳои ҷамъиятии Москваро хатм карда, номзади илмҳои таърих мебошад.

Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгор дар ноҳияи Кумсангир оғоз намуда, солҳои 1969-1973 ҳамчун котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Ҳисор, солҳои 1977-1979 муовини раиси вилояти Қӯрғонтеппа, солҳои 1981-1990 — мудири шуъбаи муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1990-1991 — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, солҳои 1991-1993 — муовини вазири маориф, солҳои 1994-1999 — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабоҳат» кор кардааст.

Аз соли 1999 ӯ раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону», аз соли 2010 — раиси Шӯрои Ассотсиатсияи «Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон» (МИДАТ) мебошад.

С. Раҳимзода муаллифи зиёда аз 30 асар ва мақолаҳои илмӣ, таълимию методӣ, аз ҷумла монографияи «Занон дар саноати Тоҷикистон», шаш китобча (брошюра) ва дастурҳои таълимӣ мебошад. Шуғли дӯстдоштааш: гулдӯзӣ ва ҷамъоварии китобҳои нодир.

 

Ноябрь 26, 2020 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд