Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2020 12:16

 ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиш доир шуд, ки дар он Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода, муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат Музаффар Темурзода, инчунин намояндагони муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бахшида ба ин рӯзи таърихӣ дар толори  ороишии донишкада намоиши дастовардҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг ва факултаҳои донишкада, инчунин дар гӯшаи алоҳида китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар маводи чопии бозгӯкунандаи таърихи парчам ба маъраз гузошта шуданд. Сипас дар толори консертии «Арғунун» таҳти сарварии хормейстер Суруди миллӣ дар иҷрои ҳайати ҳамсароён, ки дар бар либосҳои рамзи парчам доштанд, бо ҳамовозии аҳли толор садо дод.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки “миллати соҳибтамаддун ва дорои суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдории тоҷик аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. Дар ин маврид тасвиру хусусияти хоси Дирафши Ковиёниро, ки ҳоло дар Парчами Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист. Тоҷикон яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор мераванд. Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парафшонии парчамҳои Балхи бостонӣ, парчамбардории Кова, эҳтироми парчам аз ҷониби шоҳ Фаридун ва дигар сулолаҳои баъдинаи тоҷикон, ки нишонаи шаъну шарафи гузаштагони некномамон мебошанд, ёдовар шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи давлати неруманд ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон ливои Коваи бузургро ба хотир овард, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳо абармардони дигари гузаштаи мост.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода тазаккур дод, ки “Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хосса дорад. Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ дорои таърих ва суннати қадима мебошад. Тибқи гувоҳии осори таърихӣ, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ, гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам будаанд, ки дар адабиёти қадимаи мо бо номи дирафш ёд мешавад. Дирафши Ковиёнӣ нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан асари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» аз он борҳо ёд шудааст.

Ба иттилои Вазири фарҳанг, «Дирафши Ковиёнӣ» то замони инқирози давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони мо буд. Дар давраи Сосониён дар қисми болоии он парандаи заррин – мурғи ҳумо таҷассум мешуд ва дар бахши мураббаи он сангҳои гаронбаҳо насб мегардид. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос зинат дода мешудаанд. Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат буда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассуми гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат мебошад ва он дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 қабул гардид. Имрӯз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини бунёди сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди мамлакат, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои «Муаллими беҳтарини сол», «Донишҷӯи беҳтарини сол» ва «Хонандаи беҳтарини сол» ҷамъбаст гардида,  ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Дар озмуни «Муаллими беҳтарини сол» профессори кафедраи маҳорати актёрии донишкада Қурбони Собир ва дар озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол» донишҷӯи соли 2-юми шуъбаи рӯзноманигории факултаи режиссура, кино ва телевизион Мадина Зоирова ғолиб омада, соҳиби диплом гардиданд. Ҳамзамон ба ғолибони озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Акрам Мирзоев, Қобилҷон Шарифов ва Фирдавс Маҳмудов бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диплом тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ-ҳунарии ҳамоиш филми мустанади «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» намоиш дода шуда, шеъру суруд ва оҳангу рақсҳои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз гардиданд.

Ноябрь 24, 2020 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад