Тоҷикистон ва Корея густариши ҳамкориро дар заминаи барномаҳои гуногун баррасӣ намуданд

Ноябрь 26, 2020 13:20

 ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Бунёди Корея Гин Ли мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот зарфиятҳои Бунёди Корея барои таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни Корея ва Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногуни табодулӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи барномаи мубодилаи дипломатҳо, дар соҳаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма изҳор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 26, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид