1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагон оғоз мегардад

Декабрь 30, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/Аз 1 январи соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

«Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон  барои мутолиа дар соли хониш рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насрӣ пешниҳод гардидааст. Онҳо метавонанд дар давраи таътил ба мутолиаи ин китобҳо машғул шаванд. Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона  назорати ҷиддӣ баранд, ки фарзанди онҳо ба чӣ кор машғул мебошанд. Монеи оворагардӣ  ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯча ва марказҳои интернетӣ гарданд»,-афзуд манбаъ.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон ҷалб  намояд.

Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар ин давра дар тамоми  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон  гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 дар тамоми массисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузоргардида, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 30, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Забон — рукни муҳими Ваҳдати миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд