1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон таътили зимистонаи хонандагон оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 30.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.
«Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон барои мутолиа дар соли хониш рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷаҳонӣ, инчунин асарҳои назмию насрӣ пешниҳод гардидааст. Онҳо метавонанд дар давраи таътил ба мутолиаи ин китобҳо машғул шаванд. Вазорат аз ҳамаи падару модарон даъват ба амал меорад, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ баранд, ки фарзанди онҳо ба чӣ кор машғул мебошанд. Монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯча ва марказҳои интернетӣ гарданд»,-афзуд манбаъ.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ ва ҳафтаи адибон ҷалб намояд.
Таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни «Муаллими сол», гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд. Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона доир мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 дар тамоми массисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузоргардида, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
Акс аз бойгонӣ








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






