Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (ламинат) — ҶДММ «Фирӯз бинокор»-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ҳамчунин Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ — ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — Толибҷон Ҳомидов дар заминаи татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ моҳи майи соли 2020 оғоз гардида буд ва инак бо мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу технологияҳои корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як қатор давлатҳои аврупоӣ мебошанд.
Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар миқёси Осиёи Марказӣ феълан ягона буда, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.
Истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи нави саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар арзёбӣ мегарданд.
Фаршҳои истеҳсолии корхона ба намӣ низ тобовар буда, дар ҷойҳои гаштугузори зиёд нисбат ба маҳсулоти ҳамсон дар бозорҳои дохилӣ 3-4 маротиба бештар харидор дорад.
Дар раванди истеҳсолот то ба 70 дарсад ашёи хоми ватанӣ истифода мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 90 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сохтмонӣ буда, дар оянда имкони то ба 130-140 ҳазор метри мураббаъ расонидани он мавҷуд аст.
Корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе бепартов буда, ҳамзамон аз партови корхонаҳои истеҳсолии дару тиреза фаршҳо омода карда мешаванд.
Дар корхона истеҳсоли 10 навъи фаршҳои замонавӣ бо андозаҳои гуногун амалӣ карда мешаванд ва дар асоси дархости мизоҷон масъулон имкони роҳандозии аз ин ҳам бештари маҳсулотро доро мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақша дар оянда бо ворид ва васлу насб намудани дастгоҳҳои нав иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам афзоиш дода мешавад ва барои шаҳрвандони мамлакат ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.
Назди корхонаи нави саноатӣ дар доираи ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат сабзазор карда шуда, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар самти ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон додааст, ки аҳолии мамлакат аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ таъмин гарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов барои саҳм гузоштан дар таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти сохтмонии ба саломатӣ безарар баҳои баланд дода, барои боз ҳам истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар Корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гурҷистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Ираклий Кобахидзе оид ба рушду таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон






