«МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҷилди сеюми ин китоб муаррифӣ гардид

Декабрь 16, 2020 14:03

ДУШАНБЕ, 16.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардида, зимни он ҷилди III китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» муаррифӣ шуд. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ, инчунин муаллифони китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил  Ғафурзода ҳадафи ҳамоишро анҷоми таҳқиқи комплексӣ оид ба масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод шуда, дар он масъалаҳои умдатарини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегирад.

Ҷилдҳои  I ва II китоби мазкур 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баландро сазовор шуда буданд.

Зимни муаррифии ҷилди III китоби мазкур зикр шуд, ки он дар ҳаҷми 500 саҳифа бо ҳаммуаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст. Китоби мазкур метавонад хизматҳои шоёни Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонида, дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад.

Инчунин китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Метавон гуфт, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷилдҳои ояндаи китоби мазкур ҳар як самти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, дар шакли китоб ба нашр расонда мешаванд.

Декабрь 16, 2020 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид