51 ҷангҷӯи «Аш-Шабоб» дар ҷануби Сомалӣ маҳв карда шуданд

Декабрь 3, 2020 11:53

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои аз Могадишо расида, 51 ҷангҷӯи гурӯҳи тундрави «Аш-Шабоб» тавассути неруҳои ҳукуматии Сомалӣ дар ҷануби кишвар маҳв карда шуданд. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Синхуа иттилоъ медиҳад, маълумоти мазкурро ҳукумати Сомалӣ тасдиқ кардааст.

Дар изҳороти интишорнамудаи вазири иттилооти кишвар Осмон Дуббе омадааст, ки ҷангиёни “Аш-Шабоб” 30 ноябр ба як пойгоҳи артиши ҳукумат дар шаҳри Беледвейни вилояти Мудуг ҳамла карда буданд. 51 ҷангҷӯ маҳв ва шаш нафари онҳо дастгир шуданд. Аз тарафи ҳукумат 15 нафар, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ ҳалок шудаанд.

АКС: Бойгонии AP Photo/Farah Abdi Warsameh

Декабрь 3, 2020 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш