Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолии равғани пахтаро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

Декабрь 24, 2020 11:26

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд. 

Корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи корхонаҳои дорои аҳамияти муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар як муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Корхонаи равған бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ бунёд гардида, соҳибкор азм гирифтааст, ки дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолона саҳм гузорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар як шабонарӯз 10 тонна чигитро коркард менамояд.

Бо ба кор даромадани корхонаи истеҳсолии равғани пахта 30 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли равғани пахта дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо хочагиҳои деҳқонӣ дастрас мегардад, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корхонаи мазкур дар қатори дигар корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми назаррас дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.

Масъулони корхонаи истеҳсоли равғани пахта азм доранд, ки иловатан бо насби хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолиро зиёд намоянд ва коркарди чигитро дар як шабонарӯз ба бештар аз 20 тонна расонанд.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифат ва рақобатпазирии ин намуди маводи ғизоӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар шаҳри Душанбе 24.12.2020

Декабрь 24, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд