90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ савияи тахассусашонро баланд бардоштанд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ, назири «Амонатбонк», «Ориёнбонк», «Тавҳидбонк», «Аввалин бонки молиявии хурд», «Бонки Эсхата», «Спитамен Бонк», «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», «Арванд», «Имон Интернешнл», «Ҳумо», «Азизӣ Молия», «Душанбе Сити», «Оксус», «Матин», «Тамвил» савияи тахассуси худро дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом /МҚД/МТ/МПСҚО/ зимни машғулияти омӯзишӣ мукаммал гардониданд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки машғулияти мазкур дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси Маркази омӯзишӣ-методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом /МҚД/МТ/МПСҚО/ созмон дода шуд. Дар он кормандони шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қариб 90 нафар мутахассисони ташкилоти қарзии молиявӣ иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Валиев зикр кард, ки машғулияти омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи тахассуси кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ доир карда шуд.
Кормандони Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон сохтори барномаи омӯзиширо, ки қисми назариявӣ ва амалиро бо машғулияти соҳавӣ дар бар мегирад, муаррифӣ намуданд.
Ҳамоиши мазкур тибқи Барномаи омӯзишии Маркази омӯзишӣ – методии Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар анҷом ба шунавандагони машғулияти омӯзишӣ шаҳодатнома супорида шуд.
Баргузории чунин машғулияти омӯзишӣ барои баланд бардоштани савияи тахассусии кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО ва беҳтар намудани сифати ҳисоботи пешниҳодшаванда аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ мусоидат менамояд.








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард






