ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни иҷтимоӣ сохта мешаванд

Декабрь 21, 2020 10:10

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Қубодиён 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба истифода дода мешаванд, ки корҳои сохтмонӣ дар онҳо беш аз 80 фоиз иҷро гардидаанд. Новобаста аз сардиҳои фасли зимистон имрӯзҳо дар иншооти мазкур корҳо бомаром идома доранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни сафари корӣ аз ҷараёни бунёди иншооти иҷтимоӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон боздид намуд.

Дар доираи сафари корӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода дар Ҷамоати деҳоти «20 – солагии Истиқлолият» бо сокинони маҳаллӣ, омӯзгорон, табибон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони ҷамоат суҳбат намуд.

Зимни мулоқот аз сокинони ҷамоати мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон бо мақсади таъмини доимии аҳолии мамлакат бо қувваи барқ истифодаи самараноки онро ба роҳ монда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, кишти такрорӣ, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вусъат бахшанд.

Зикр гардид, ки истеҳсол ва парвариши меваю сабзавот, ғалладонагӣ, парвариши чорвои калону хурд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тақвияти корҳои саҳроӣ, махсусан дар заминҳои президентӣ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Вобаста ба ин масъулини соҳаро мебояд, ки баҳри вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ дар мавсими тирамоҳ ва баҳор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Декабрь 21, 2020 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд