Ҳамкории Тоҷикистону Германия дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 12.12.2020 / АМИТ «Ховар»/. Дар доираи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявию техникӣ бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германия видеоконфронс доир гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар додан, зимн вилеоконфронс Ғафур Муҳсинзода вазъи ҳамкории ҷумҳуриро бо Германия мусбат арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки ин ҳамкорӣ асосан ба масъалаҳои дастрасии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, хусусан хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, соҳаи модару кудак, танзими оила, таъмини бехатарии хӯрокӣ, пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил нигаронида шудааст.
Ҷонибҳо бори дигар тасдиқ карданд, ки ҳамкории соҳаи тандурустии Тоҷикистону Германия барои расонидани хадамоти босифати тандурустӣ дар доираи SDG 3 бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолии Тоҷикистон равона карда шудааст. Тибқи он бояд ба беҳтар шудани дастрасии ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, алахусус дар деҳот ба хидматҳои асосии тиббӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд ва ба таври устувор маблағгузорӣ мешаванд, кӯмак кунад.
Инчунин, дар рафти ҷаласаи онлайнӣ ҷонибҳо оид ба тавсеа бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сил, хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак, таъмини амнияти озуқавории модарон ва кӯдакон ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда барои иҷрои Протоколи машваратҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявию техникӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






