Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор дар самти инфрасохтори сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар самти корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват намуд. Ин нукта 2 декабр зимни баргузории ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории муштарак оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар таҳти роҳбарии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва ҳайати Давлати Қатар, ки ба таври фосилавӣ баргузор шуд, баён гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо иброз намуданд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ин самт дастовардҳои назаррасро соҳиб мебошанд.
Ҳамчунин дар мулоқот оид ба ҳамкории муштарак ва муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои тарафайн дар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуда, баргузории мулоқоти фосилавиро барои муътадил гардонидани бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокимаи гурӯҳи корӣ қарор гирифтанд.
Дар интиҳои мулоқот баҳри татбиқи босамари санади ҳамкории мазкур тасмим гирифта шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавируси COVID-19 нақшаи кории муштараки дуҷониба дар муддати кӯтоҳтарин таҳия ва баҳри татбиқи амалии он тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида шаванд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






