ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони қаллобӣ ё сӯиистифода аз боварӣ сокини 43-солаи деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисорро дастгир карданд. Номбурда дар хонааш корхонаи равғанкашӣ сохта, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунаки барқӣ, аз соли 2019 то ҳол неруи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон дар ҳаҷми 7265 сомонӣ расонидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Нисбат ба гумонбаршуда бо қисми 1, моддаи 253-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони расонидани зарари моддӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ, сокини 55-солаи ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисорро, ки дар асоси фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии «Захираҳои моддӣ», воқеъ дар кӯчаи Абдуллобекови ноҳияи Сино -1 июни соли 2020 ба вазифаи барқчӣ таъйин шуда буд, дастгир намуданд. Пештар, ҳангоми фаъолият дар ҳамин корхона ӯ бо собиқ муҳандиси 53-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба созишномаи ҷиноятӣ даромада, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ, ғайриқонунӣ ба корхонаи «Захираҳои моддӣ» кабелҳои сефазаро пайваст карда буд.
Дар натиҷаи ин амали ғайриқонунӣ, номбурда ба маблағи 133 ҳазору 343 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст, аз ҷумла ба Корхонаи воҳиди давлатии «Захираҳои моддӣ» ба маблағи 54 ҳазору 785 сомонӣ ва ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» 78 ҳазору 558 сомонӣ.
Ғайр аз ин, ӯ ноқилҳои барқиро ба ҳисобкунаки барқии сабтнашуда бидуни бастани шартнома ва шароити техникӣ пайваст карда, 1 солу 6 моҳ аз ҶДММ «Ширинтф» маблағи муайян гирифта, онро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Рӯзи шанбе, 26 декабр, хадамоти матбуоти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки як сокини пойтахт ғайриқонунӣ ноқилҳои барқиро ба қаҳвахонаи пухту пази каннодҳои анъанавӣ, дар кӯчаи Мушфиқӣ, ки онро ба иҷора гирифтааст, пайваст кардааст. Неруи барқ дар қаҳвахона бе ҳисобкунак истифода мешуд. Соҳибкор қоидаҳои бехатариро дағалона вайрон ва инчунин дар танӯрҳо ноқилҳои тафсони бисёр пурқувватро барои тайёр кардани самбӯса истифода мекард.
Дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар тӯли зиёда аз 3 моҳ 1180 киловатт-соат барқро ғайриқонунӣ истифода намуда, ба буҷаи давлат ба маблағи беш аз 7700 сомонӣ зарар расонидааст.
Дар аввали моҳи декабри соли равон, дар натиҷаи тафтишот милитсияи Душанбе ду ҳолати истифодаи ғайриқонунии неруи барқро бо зарари умумии беш аз 11000 сомонӣ ошкор кард.
Дар ҳарду ҳолат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вайронкунии қойидҳои бехатарии зидди сӯхторро ошкор карданд.
Оид ба ҳамаи ин қонунвайронкуниҳо таҳқиқот бурда мешавад.