БАРОИ ОН КИ МАНЗИЛИ МО ДАР ЗИМИСТОН ГАРМУ РАВШАН БОШАД… Пардохти саривақтии пули барқ ва сарфакорона истифода бурдани он нишонаи маданияти баланд аст

Декабрь 14, 2020 15:32

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Ширкати «Барқи Тоҷик» тавассути ирсоли як  муроҷиатнома  иттилоъ дод, ки шурӯъ аз 10 декабри соли равон  интиқоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ  пурра ҷорӣ мегардад. Ҳамзамон бо ин, ширкати мазкур  аз тамоми муштариён хоҳиш намуд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии мамлакат  бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки  баъзе  сокинони мамлакат дар пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумлаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва гармӣ ба кашолкорӣ ва талафот ёфтани он роҳ медиҳанд. Ҳол он, ки сари вақт пардохт намудани ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла неруи барқ ва гармӣ, сарфакорона истифода бурдани онҳо   ба фаъолияти самараноки сохторҳои ба онҳо  марбут мусоидат намуда, аз доштани  маърифати баланди энергетикии шаҳрвандон дарак медиҳад.

«Шаҳрвандони уҳдадории худро сари вақт ва босифат иҷро мекардагӣ зиёданд. Онҳо ҳаққи истифодаи  неруи барқро  бе дахолати нозирони мо ҳам сари вақт  дар бонкҳо  рафта,  пардохт менамоянд ва  кӯшиш мекунанд, ки  аз он сарфакорона истифода баранд. Мутаассифона, миёни сокинон нафароне ёфт мешаванд, ки то нозирони мо  ба хонаашон  5-6 маротиба  рафта, аз онҳо хоҳиш накунанд, онҳо пули  истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намесозанд. Онҳо ба талафоти барзиёди нерӯи барқ роҳ дода,  ба болои ин, бо назоратчиёни барқ  муомилаи дурушт  мекунанд»,-  мегӯянд масъулини  ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе»

Воқеан дар фасли сармо, ки норасоии неруи барқ мушоҳида мешавад, чунин афрод манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа боло гузошта, сабабгори талафоти барзиёди неруи барқ мешаванд.

Масалан, аввали моҳи декабр танҳо дар  натиҷаи аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гузаронидани як  санҷиш ду далели истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бо зарари зиёда аз 11 000 сомонӣ ошкор карда шуд.

Тибқи иттилои  маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд Шодӣ Бобоёров дар манзили иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ неруи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии  номбурда қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задани ҳодисаҳои нохуш  сабаб гардад.

Инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Файзулло Урозов, сокини шаҳри Душанбе бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбӯсапазии ба иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст. Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талафоти барзиёди неруи барқ роҳ додааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловатт-соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

Чунин мисолҳоро зиёд метавон овард, ки аз бемасъулиятии баъзе сокинони мамлакат нисбат ба истифодаи неруи барқ дарак медиҳанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ задаанд, санадҳои зарурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

Дар ин робита, роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» дастурамале таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ» таҳия намудаанд, ки дар он  маҷмӯи суҳбатҳо дар мавзӯи барқ  ва маданияти  истифодаи он  ба нашр расидаанд. Дар Дастурамали мазкур  доир ба фарҳанги истифодаи барқ, душвориҳои истеҳсолу интиқоли он ва хусусиятҳои низоми энергетикии мамлакат маълумот дода шудааст.

Сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ  бо ёдоварӣ аз  гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд» таъкид намуд, ки  Дастурамали «Маърифати энергетикӣ»  -ро  метавон дар дарсҳои кушоди мактабҳову донишгоҳҳои мамлакат истифода намуд. Зеро ин тадбир дар таҳкими дарку фарҳмиши хонадагон ва раванди ба меъёри муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтани фарҳанги сарфакорӣ, хусусан дар истифодаи неруи барқ барои имрӯз ва ояндагон судманд хоҳад буд.

«Барои сохтани иқтидори нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як ё ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд. Роҳи дуюм-ин сарафакорона истифода бурдани неру буда, наздиктарин ва осонтару арзонтар аст.Имрӯз ҳар фарди сайёра барои истифодаи мақсаднок ва самараноки неруи  барқ масъул буда, доштани  маърифати баланди энергетикӣ роҳи ягонаи пешгирии истифодаи ғайримақсадноки неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ, ки боиси камбориш омадани фаслҳои тирамоҳу зимистони  солҳои 2019-2020 гардид,  оби обанбори Норак то 17 метр кам гардида буд. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути  Муроҷиатнома  аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш намуд, ки барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ саҳм гузоранд»,-афзуд Нозир Ёдгорӣ.

Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки «Тоҷикистон аҳолияшро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодааст, ки ин дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад».

«Сарфакорӣ аз гӯшаи маърифат аст, пас агар шахс бомаърифату бофарҳанг бошад, он гоҳ дар зиндагӣ сарфакор ва сарфаҷӯ мешавад. Инчунин ҳангоми аз барқ исифода бурдан бояд маблағи онро ҳатман пардохт намуд. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани он хеле зарур аст. Ҳамчунин пардохти ҳаққи истифодаи барқ ва сарфакорона истифода бурдани он нишонаи  фарҳанги баланд ва бовиҷдонии ҳар инсон аст», — таъкид намуд Нозирҷон Ёдгорӣ.

                                                              Рухсораи НУР,
                                                             АМИТ «Ховар»

                                                 АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

P.S.  Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 10 декабр Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳар шаҳру ноҳия, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ  фаъолияти худро дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз  намуд.  

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон  Раҳимзода 9 декабр ҷаласаи селектории якҷояи намояндагони сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва ШСХК «Барқи Тоҷик» доир гардид.

Зимни ҷаласа ҷиҳати аз 10 декабр бардоштани маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва сарфакорона истифода намудани қувваи барқ аз ҷониби шаҳрвандон дар давраи зимистон ибрози назар карда шуд.

Дар ҷаласа аз ҷониби намояндагони тамоми сохторҳои иштирокдор Ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ созмон ёфт.

Декабрь 14, 2020 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд