ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур зикр шуд, ки вобаста ба масъалаҳои мазкур дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, дар байни аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият) сари вақт пардохт намудани маблағи неруи барқи истифодашуда ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ аз 17 декабри соли 2020 корҳои фаҳмондадиҳиро шурӯъ намуданд.
Гурӯҳҳои мазкур ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб зарурати муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик»-ро аз 9 декабри соли равон оид ба истифодаи мақсаднок ва оқилонаи неруи барқ фаҳмониданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа ҷараёни назорати нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба бунёди иншооти дар соли 2019-2021 ба нақшагирифта, таъмири роҳҳо ва ба тартиб даровардани атрофи иншоот, хонаҳои баландошёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам аз рӯи он кор баранд.