БО КАДОМ САБАБ НАРХИ МАҲСУЛОТ ГАРОН МЕШАВАД? Дар Россия масъалаи ҷорӣ кардани кортҳои ғизоиро барои камбизоатон муҳокима мекунанд. Чаро Президенти Тоҷикистон пайваста аз сокинони кишвар даъват мекунанд, ки барои ду сол маводи ғизоӣ захира намоянд?

Декабрь 21, 2020 13:04

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои соҳаи кишоварзии Россия дар 11 моҳи соли равон манфӣ буданд, аммо суръати коҳиш суст шудааст, иброз намудааст Вазорати рушди иқтисодии Федератсияи Россия. Дар кори ҷамъоварии лаблабуи қанд, картошка, офтобпараст вазъият  ногувор аст. Истеҳсоли тухми мурғ 2,7% кам шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар ин замина мақомот наметавонанд суботи нархи маводи ғизоиро таъмин кунанд. Ҷорисозии кортҳои ғизоӣ барои одамони камбизоат метавонад ҳадди ақалл аз афзоиши нархҳо қисман ҷилавгирӣ кунад, аммо мақомот наметавонанд дар ин бора тасмим бигиранд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, коршиносоне, ки онҳоро “Газета.ру” бозпурсӣ кардааст, нисбат ба чораҳои танзимкунанда  дар Россия   ҷиҳати ба эътидол овардани нархҳо шак доранд.

Ба нархи ниҳоӣ, ки истеъмолкунанда онро дар рафи мағоза мебинад, на танҳо хароҷоти истеҳсолкунанда ё нархи иловагӣ, инчунин чизҳои дигар низ зам мешаванд. Инҳо хароҷоти нақлиёт, анборхонаҳо, пардохти қарзҳои бонкӣ, хароҷоти амниятӣ, маош ва суғуртаи тиббии кормандон, дастгирии IT-и тиҷорат, реклама …  мебошанд. «Ва вақте ки талабот ба ҳамаи ин хидматҳо коҳиш меёбад (хусусан ҳангоми пандемия), пешниҳодкунандагони ин хидматҳо (ширкатҳои нақлиётӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, соҳибони амволи ғайриманқули тиҷорӣ, бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайра) кӯшиш мекунанд, ки талафоти худро маҳз аз ҳисоби бахшҳои тиҷорат, ки бо ғизо, хӯрокворӣ сару кор доранд, ҷуброн кунанд.

Ақидае мавҷуд аст, ки дар соҳаи  хӯрокворӣ ҳатто дар давраи буҳрони иқтисодӣ вазъ ҳамеша беҳтар аст ва бо ҳамин сабаб, ҳама кӯшиш мекунанд, ки маҳз аз бахши ғизоӣ фоидаи нагирифтаашонро ба даст оранд”, — мегӯяд Николай Калмиков, узви Шӯрои коршиносон оид ба самаранокии идоракунии назди Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ.

Агар танзими шадиди бозор аз ҷониби мақомот ба ин илова карда шавад, он гоҳ таъмини эътидоли тӯлонии нархҳо муяссар нахоҳад шуд, хулоса мекунад коршинос.

Маҳдудсозии содирот на танҳо ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва чакана, инчунин, масалан, ба коркардкунандагон низ зарба мезанад, мегӯяд директори генералии шуъбаи молии Agrozan Commodities -и Россия Сабина Содикова.

«Коркардкунандагон аллакай захираҳои думоҳаи ашёи хоми гаронбаҳоро харидаанд. Дар ҳолати доштани ашёи хоми гаронбаҳо ва маҳдуд шудани нархи дохилии маҳсулоти тайёр, коркардкунандагон бо мушкилоти даромаднокии истеҳсолоти худ рӯ ба рӯ мешаванд. Истеҳсолот кам мешавад ва пешниҳоди мол низ дар рафҳо камтар мешавад. Ва ин замина барои афзудани нархҳост», — мегӯяд Содикова.

Зиндагӣ бо кортҳо

Коршиносон бар онанд, ки дар чунин шароит, ки дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ ҳукмфармо  шудааст, ҷорӣ намудани кумаки мақсадноки молиявӣ ба шаҳрвандони камбизоат ба мақсад мувофиқтар аст.

«Бале, сухан дар бораи талонҳо ва ё кортҳо барои нон, равған ва шакари ройгон меравад. Ин тадбир боиси афзудани талаботи иловагӣ мешавад ва барои буҷа назар ба ҳавасмандгардонии истеҳсолоти бесамар, расонидани кумаки молиявӣ ба бонкҳо барои пардохти фоизҳои корхонаҳои хурду миёна, дастгирии бекорон ба маротиб арзонтар хоҳад буд”,- мегӯяд Содикова.

Ҷорӣ кардан ё накардани кортҳои ғизоӣ — ин мавзӯъ аз соли 1992 ба ин тараф баррасӣ мешавад ва ҳар вақте, ки иқтисод рукуд мекунад ё ба давраи таназзули иқтисодӣ ворид мешавад, мақомот ба он бармегарданд. Бори охир талонҳои ғизоӣ солҳои 1980 асри гузашта дар СССР ҷорӣ шуда буданд. «Аммо ин як навъи тамоман дигари танзими давлатӣ дар муқоиса бо танзимест, ки ҳоло муҳокима мешавад. Он талонҳои шӯравӣ (барои гӯшт, равған, шакар, машрубот) — истеъмолро танзим мекарданд. Яъне, чизи дигаре беш аз миқдори иҷозатшударо харидан мумкин набуд. Инҳо талонҳои  маҳсулоти камчин буданд”, — мегӯяд Евгения Серова, директори Институти тадқиқоти кишоварзии МОИ.

Ба гуфтаи вай, ҳоло ба мо талонҳое заруранд, ки аз як сӯ талаботро густариш бидиҳанд ва аз сӯи дигар — ба одамони камбизоат кумак кунанд. «Фарқиятро эҳсос кунед. Инҳо талонҳои иқтисоди тавлидоти изофӣ мебошанд”, — чунин назар дорад Серова.

Моҳи апрели соли равон Вазорати саноат ва савдои ФР  бо дархости намояндагони шабакаҳои савдои чакана масъалаи ҷорӣ кардани кортҳои ғизоиро баррасӣ кард. Ҳамчун чораи муваққатӣ. Ҳаҷми дастгирии давлатӣ 10 ҳазор рубл барои як нафар дар як моҳ гуфта шуда буд. Тахмин мешуд, ки тақрибан 10 миллион россиягиҳо метавонанд ба категорияи имтиёзнок дохил шаванд. Аммо ин ташаббус низ бенатиҷа анҷом ёфт.

Коршиносон ҳамназаранд, ки мақомот барои дастгирии бозори кишоварзӣ аз тариқи дастгирии истеъмолкунандагон тасмим намегиранд. Дар ҳамин ҳол, ба фикри Владислав Иноземтсев, директори Маркази тадқиқотии ҷомеаи пасоиндустрӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, барномаи расонидани кумаки молӣ барои тақрибан 20 миллион россиягиҳои камбизоат моҳе ақаллан то 1-1,5 ҳазор рубл метавонад инчунин тавлидкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти кишоварзиро ҳавасманд кунад.

«Аммо шахсан тасаввури ин барои ман душвор аст: мушкили аслии солҳои охири Россия ин аст, ки мақомот дастгирии “истеҳсолкунандагони ватанӣ” -ро аз манфиатҳои истеъмолкунандагони дохилӣ авлотар медонанд. Барои истеҳсолот кумаки молиявӣ расонида мешавад, на ба истеъмол”- мегӯяд Иноземтсев.

Чаро Президенти Тоҷикистон ба  захира намудани маҳсулот даъват мекунанд?

Тавре АМИТ “Ховар” қаблан хабар дода буд, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз аҳолии кишварро даъват мекунанд, ки барои  камаш ду сол пешакӣ ғизо захира кунанд. Бори дигар ин иқдом дар ҷаласаи фавқулодаи фаврии Ҳукумат оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус муҳокима шуд.

«Ин хеле муҳим аст, алахусус дар соли равон, вақте ки дар кишвар маҳсулоти кишоварзӣ фаровон аст, ҳар як оила бояд аз ин истифода барад»,  — гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба фикри Сарвари давлат, зарур аст, ки барои ҳар як оила захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ ба роҳ монда шавад, ҳар порча замин оқилона истифода бурда шавад, дар заминҳои президентӣ гармхонаҳо сохта шаванд ва барои пешгирии сироятёбии аҳолӣ тамоми тадбирҳои санитарию гигиенӣ  андешида шаванд.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд, ки истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, картошка ва биринҷ зиёд карда шавад.

Мутобиқи маълумоти Сарвари давлат, «эҳтимол дорад, ки давраи тирамоҳу зимистон хеле хунук ояд». Президенти мамлакат  изҳор доштанд, ки «пас аз тобистони хеле гарм маъмулан зимистон хунук ва тӯлонӣ меояд».

Қобили зикр аст, ки ин мавзӯъ ҳоло дар тамоми ҷаҳон бинобар якбора камбизоат шудани шаҳрвандон ҳангоми пандемияи коронавирус баррасӣ мешавад. Сарфи назар аз он ки нишондиҳандаҳои ҳосилнокӣ, кишт ва саршумори чорво то ҳол тамоюли мушаххаси камбуди ғизоро нишон намедиҳанд, ба ҳар ҳол, мушкилоти камбуди ғизо метавонанд аз ҳарвақта дида шадидтар шавад. Ин дар ҳолест, ки СММ ахиран ҳушдор дод, ки ҷаҳон бо буҳрони саросарии ғизо рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Масалан, сармутахассиси Барномаи озуқавории СММ Ориф Ҳусайн чунин пешгӯӣ карда буд. Ба гуфтаи коршиносони барнома, соли 2020 265 миллион нафар аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёдтар аст.

                                            АКС: Reuters ва  аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2020 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ