Боздиди Сафири Тоҷикистон аз вилояти Намангони Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ аз вилояти Намангони Ӯзбекистон боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чаҳорчӯби сафар мулоқоти Сафир бо Ҳокими вилояти Намангон Шавқатҷон Абдуразоқов баргузор гардид. Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобил ва мавқеъгириҳои тарафайнро таъкид карда, омодагии хешро баҳри густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, сайёҳӣ ва фарҳанг изҳор карданд.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон аз корхонаҳои истеҳсолии саноатии хурду миёнаи Намангон, ки дорои имконияти васеъ барои ҳамкории дуҷониба мебошанд, дидан намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






