ЧАРО АЗ АНГИШТ ФАРОВОН ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ? САБАБ ЧИСТ, КИ ТО ҲАНӮЗ ЛАМПАҲОИ ТАФСОН БА КОР БУРДА МЕШАВАНД? Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Кӯлоб мулоҳизаҳояшро ба АМИТ «Ховар» баён намуд

Декабрь 25, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Оқилона мебуд агар бо назардошти вазъи баамаломада  дар деҳоти мамлакат  барои  гарм намудани манзилҳои истиқоматию корхонаҳо танҳо  ба нерӯи барқ такя  накарда, аз маводи сӯхт,  ба мисли  ҳезуму  ангишт ва таҷҳизоти   каммасрафи барқӣ  бештар истифода бурда шавад. Ин аз як тараф боиси сарфа намудан ва бемаҳдудият ба тамоми сокинон дастрас шудани нерӯи барқ гардад, аз сӯи дигар эҳтимолияти сар задани ҳодисаҳои сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқиро, ки ҳамасола дар фасли зимистон зиёд рӯй медиҳанд, камтар мегардонад. Дар ҳоле, ки  истихроҷи ангишт дар мамлакат аз 309 ҳазор тоннаи  соли 1991 ба беш аз 2 млн  тонна дар соли 2020 расонида шудааст, чаро мо бояд аз он ба таври  фаровон истифода набарем?  Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф  гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда  шудааст. Ё чаро то имрӯз  дар ҷумҳурӣ  лампаҳои тафсон, ки истифодаашон манъ гардидааст, аз ҷониби баъзе соҳибкорон дар фурӯш қарор доранд?

Дар ин бора муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу ҲАМИДИЁН дар ҳошияи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва талафот наёфтани он мулоҳизаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:  

— Ҷиҳати сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ҳанӯз 24 апрели соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари аҳолӣ бо нерӯи барқ ва ба роҳ мондани истифодаи сарфаҷӯёнаи он, инчунин баҳрабардории васеъ аз асбоб ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ оғоз карда шавад».

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бо ишора ба ин мавзӯъ зикр намуданд, ки «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд».

Бояд гуфт, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб арзон аст.

Зимнан, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам лампаҳои тафсон дар гардиши савдо қарор доранд ва баъзе сокионон талафоти нерӯи барқро  андеша  накарда, онҳоро  харидорӣ намуда,  мавриди истифода қарор медиҳанд.

Гурӯҳҳои тарғиботиро зарур аст корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намуда, ба ҷомеа фаҳмонанд, ки истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар воситаҳои гармидиҳии ғайристандартӣ дар маҷмӯъ ба кори муътадили системаи энергетикии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамзамон, месазад оид ба фоидаҳои истифода аз лампаҳои каммасраф сатҳи огоҳии мардумро баландтар созем. Лампаҳои каммасраф аз ҷиҳати сохт ва тарзи кор ду намуд мешаванд. Якум, лампаҳои люминестсентӣ, ки каммасраф дониста шудаанд ва кайҳо ба мо шиносанд. Ин навъи лампаҳо ҳанӯз дар даврони шӯравӣ дар истеҳсолот пайдо шуда, мавриди истифода қарор доштанд. Дар корхонаҳо, толорҳо, роҳравҳо ва хонаҳои истиқоматӣ аз онҳо пеш ҳам истифода мебурданд. Дар солҳои 70 ва 80-и асри гузашта бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли таҷҳизоти барқии Аврупо ба истеҳсоли ин лампаҳо оғоз карданд. Дуввум, лампаҳои диодӣ, ки мо лампаҳои каммасраф гуфта, пеш аз ҳама онҳоро дар назар дорем.

Ин намуд лампаҳо аз лампаҳои тафсон фарқ доранд. Онҳо аз чанд ҷиҳат бехатаранд. Барои муқоиса лампаҳои тафсон аз то 200 Вт қувваи ҷараён талаб намуда, ҳар лампа 1000 соат муҳлати истифода дорад. Лампаҳои люминестсентӣ аз 18 то 58 Вт қувваи ҷараён гирифта, 8 000 соат кор мекунанд. Лампаҳои диодӣ аз 0,07 то 50 Вт қувваи ҷараёнро талаб намуда, то 100000 соат кор мекунанд. Ғайр аз ин, рӯшноии ин гуна лампаҳо ба рӯшноии рӯз наздик буда, ба узви босира зарар надорад. Лампаҳои диодӣ ва люминестсентӣ он вақт ба муҳит зарарнок мешаванд, ки шикананд ё аз кор бароянд. Дар асл онҳо хеле мустаҳкам буда, дуру дароз кор мекунанд. Кафолатноки давраи истифодаи онҳо 5 сол ва муҳлати хидматашон 10 солро ташкил медиҳад. Тавре мутахассисон таҳлил намуданд, дар сурати истифодаи 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад, яъне иваз намудани лампаҳои тафсон ба каммасраф танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар 3 миллиарду 120 миллион киловатт соат нерӯи барқ сарфа мешавад, ки ба ҳаҷми истеҳсоли нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 810 мегаватт баробар аст.

Ин нишондиҳандаҳо баёнгари онанд, ки мо зимни пурра гузаштан ба лампаҳои каммасраф аз хароҷоти беҳудаи нерӯи барқ пешгирӣ намуда, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби кори дарозмуддаташон ба буҷаи оилавӣ манфиат меорем.

Чаро то имрӯз дар ҷумҳурӣ лампаҳои тафсон, ки истифодаашон манъ гардидааст, аз ҷониби баъзе соҳибкорон дар фурӯш қарор доранд?

Ҳамчунин оқилона мебуд агар бо назардошти вазъи баамаломада  дар деҳоти мамлакат  барои  гарм намудани манзилҳои истиқоматию корхонаҳо танҳо  ба нерӯи барқ такя  накарда, аз маводи сӯхт,  ба мисли  ҳезуму  ангишт ва таҷҳизоти   каммасрафи барқӣ  бештар истифода бурда шавад. Ин аз як тараф боиси сарфа намудан ва бемаҳдудият ба тамоми сокинон дастрас шудани нерӯи барқ гардад, аз сӯи дигар эҳтимолияти сар задани ҳодисаҳои сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқиро, ки ҳамасола дар фасли зимистон зиёд рӯй медиҳанд, камтар мегардонад. Дар ҳоле, ки  истихроҷи ангишт дар мамлакат аз 309 ҳазор тоннаи  соли 1991 ба беш аз 2 млн  тонна дар соли 2020 расонида шудааст, чаро мо бояд аз он ба таври  фаровон истифода набарем?  Мувофиқи маълумоти геологӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт кашф  гардидаанд, ки захираи умумии онҳо беш аз 4,3 млрд. тонна ҳисоб карда  шудааст.

Ҳамзамон, омили дигаре, ки дар ҷомеа ба чашм мерасад ва ниҳоят таассуфовар аст, ин истифодаи нерӯи барқ бе ҳисобкунакҳои барқӣ ва ё ба таври пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ мебошад. Ҳамарӯза аз тарафи мақомот даҳҳо ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ба истилоҳ “барқдуздӣ” ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ низ намоиш дода мешаванд, ки дар шаъни миллати бофарҳанги мо намезебад. Бахусус, чун 90%-и сокинони Тоҷикистонро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, анҷоми чунин амалҳо тааҷҷубовар аст. Зеро ҳар як мусалмон медонад, ки гармии нерӯи барқ ва равшании он ҳузури руҳу ҷон буда, дар айни замон рӯҳу ҷони мо амонати Парвардигор аст. Яъне анҷоми чунин амалҳои ношоиста ин худ хиёнат ба амонати Худованд мебошад.

Дар воқеъ, чунин муносибат ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози маънавию динӣ ғайри қобили қабул аст ва бояд фавран ислоҳ карда шавад. Дар акси ҳол, аз тарафи сардори оила анҷом ёфтани чунин амалҳои ношоиста дар баробари хисороти молӣ ба буҷаи давлат, ҳамзамон ба рӯҳияи маънавӣ ва сатҳи тарбияи ахлоқии фарзандон низ таъсири манфӣ мерасонад. Падару модарон бояд дарк кунанд, ки бо ин амали худ фарзандони наврасу ҷавони худро дар рӯҳияи қонуншканӣ ва дуздиву фиреб ба воя мерасонанд, ки чунин рафтор дар ду дунё оқибатҳои манфиро дар пай дорад.

Дар робита ба ин масъала фаъолони ҷомеаро зарур аст ҳиссаи арзандаи худро гузошта, корҳои зеринро анҷом диҳанд:

  • Ба дарки ҷомеа расонанд, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи он боиси рушди соҳаи энергетикии кишвар гашта, омили доимо таъмин будани гармиву рӯшноӣ дар хонадони ҳар яки мо мегардад;
  • Истифода аз технологияи каммасраф, хусусан лампаҳои каммасрафро дар миёни ҷомеа ташвиқу тарғиб намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати аз муомилот пурра гирифтани лампаҳои тафсон ва лампаҳои каммасрафи сифаташон паст мусоидат намоянд;
  • Дар рафти анҷом додани корҳои хайру сахо ба оилаҳои камбизоат дар баробари дигар маводи ниёзи аввалия, инчунин лампаҳои каммасраф тақдим созанд;
  • Назорати ҷамъиятиро ҷиҳати пешгирӣ аз истифодаи лампаҳои тафсон ва дигар технологияи нодуруст бо ҷалби фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаву маҳаллаҳо ба роҳ монанд;
  • Ҷиҳати пешгирӣ аз пинҳонӣ кашидани хатҳои барқ ба манзилҳои истиқоматӣ ва бе ҳисобкунакҳои барқӣ истифода бурдан аз нерӯи барқ миёни ҷомеа корҳои тарғиботӣ баранд ва ғайра.

Моро зарур аст пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, дар сари чанбари мошини вазнин нишастану маҷрои дарёро бахотири бунёди саргаҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун дигар карданашонро пеши назар орем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорем.

Дар шаҳри Кӯлоб 8 гурӯҳи корӣ бо истифода аз  мошинҳои таблиғотӣ аз  сокинон даъват ба амал меоранд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи онро саривақт пардохт намоянд, зеро бо сабаби гарм омадани сол, 50% кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта шудааст ва дар ин замина  ҳаҷми оби дарёи Вахш, ки манбаи асосии нерӯи барқ мебошад ба таври бесобиқа кам гардидааст. Аз ин рӯ, танҳо дар сурати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкилиҳои нав дар ин самт аз байн меравад.

Декабрь 25, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид