CУТ давоми як шабонарӯз дар ҷаҳон беш аз 472 ҳазор ҳолати сирояти коронавирусро ба қайд гирифт

Декабрь 26, 2020 13:04

ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон аз 80,20 миллион нафар гузашт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, мутобиқи маълумоте, ки имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) нашр кард, дар як шабонарӯз беш аз 472 ҳазор ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 26 декабр, ба СУТ дар бораи 80 207 155 нафар  сироятёфтагон ва 1 757 640 фавт маълумот расид. Шумораи гирифторони ин беморӣ 472 443 нафар ва фавт — 8 374 нафар зиёд шудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 19 210 166. Баъд аз он Ҳиндустон (10 169 818), Бразилия (7 448 560), Россия (2 992 706), Франсия (2 547 771), Британияи Кабир (221 312), Италия (2 028 354), Испания (1 869 610), Германия (1 632 737), Колумбия (1 574 707), Аргентина (1 574 554) ва Мексика (1 372 243) ҷойгир мебошанд.

АКС аз news.ykt.ru

Декабрь 26, 2020 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон