Дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зеристгоҳи барқии нав ба истифода дода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зеристгоҳи барқӣ бо мақсади ба эътидол овардан ва интиқоли сифатноки қувваи барқ бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилии кормандони шабакаҳои барқии ноҳия ва аҳолии ҳудуди деҳот бартараф гардид.
Зеристгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, барои камбор намудани зеристгоҳҳои ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов, Унҷӣ ва Дадобой Холматов таъсири мусбат мерасонад ва дар натиҷа сифати интиқоли қувваи барқ дар минтақа беҳтар мегардад.
Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни ба истифодадиҳии иншооти энергетикӣ иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи мамлакат таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд.
Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», Маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва садҳо километр хатҳои интиқоли неруи барқ ба истифода дода шуданд ва дар натиҷа сокинони мамлакат пурра бо неруи барқ таъмин гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки 22 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ, ки дар асоси захираҳои пуриқтидори обии мамлакат бунёд шудааст, рукни муҳими иқтисодиёт мебошад. Тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз пешравии ин соҳа вобастагии калон дорад. Ҳоло аҳолии мамлакат бо неруи барқ пурра таъмин буда, онҳоро зарур аст, ки қувваи барқро самараноку сарфакорона истифода намоянд. Зеро истифодаи самараноки он имкон медиҳад, ки тамоми соҳаҳо ба таври шабонарӯзӣ бо барқ таъмин гарданд.









Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






