ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ чандин иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки ин на танҳо барои беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят, инчунин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Ин матлабро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар вохӯрӣ бо фаъолон ва кормандони мақомоти шаҳр баён намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ вохӯрии судманди Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси ВМКБ Ëдгор Файзов ва и.в. раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот бо фаъолон ва кормандони мақомоти шаҳр доир гардид.
Дар мулоқот Насрулло Маҳмудзода зикр кард, ки «15 декабри соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ба тамоми аъзои ҳукумат ҷиҳати дастгирии табақаи ниëзманд, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Пешвои миллат бори дигар барои баргузор намудани маъракаҳои сиëсие, ки дар соли 2020 ба вуқӯъ пайваста буданд ва инчунин сафари корие, ки ба вилояти Бадахшон доштанд, ба мардуми ин сарзамин изҳорӣ сипос баëн намуданд».
«Соли оянда боз дигар санаҳои муҳими давлатиро дар якҷоягӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил хоҳем намуд. Аз ҷумла баҳри истиқбол гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ин ҷашни умумимиллиро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. То ҷашни фархунда дар шаҳр ва умуман дар ВМКБ чандин иншоотҳои замонавӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд»,-афзуд номбурда.
Зулфия Давлатзода дар баромади худ арзу сипос ва миннатдории самимии роҳбарияти Олии кишварро ҷиҳати дастгирии ҳаматарафаи сиëсати мамлакат ба саҳми ҳозирин расонида, ҳамзамон иброз дошт, ки « дар баргузори тамоми чорабиниҳои соли 2021, аз Наврӯзи Аҷам сар карда то ҷашни бузурги умумимиллӣ -30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд ҳар як сокини мамлакат омодагии ҷиддӣ дида, дар рӯҳияи баланди миллӣ ва хештаншиносӣ ин ҷашнҳоро таҷлил намоем».
Раиси ВМКБ Ëдгор Файзов иброз кард, ки «мардуми ВМКБ, аз ҷумла сокинони шаҳри Хоруғ сиëсати Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, боварии комил дорем ҳар як супориши Сарвари давлатро сарбаландона иҷро менамоянд ва дар ободии диëри худ саҳми босазо мегузоранд».