Дар Ваҳдат масъалаи беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро баррасӣ намуданд

Декабрь 9, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ,  одоби муоширати табибон бо беморон, омодагӣ ва муътадил гузаронидани фасли зимистон дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар он муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Зулфия Абдусаматзода ва намояндагони шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода иброз дошт, ки бояд таваҷҷуҳи  масъулинро ба масъалаҳои  беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан модарону кӯдакон ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои тандурустӣ ба давраи  зимистон бештар ҷалб  намуд.

Зикр гардид, ки новобаста аз пешравию дастовардҳои назаррас дар  фаъолияти Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат  ҳанӯз ҳам дар муассисаи мазкур дар самти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мушкилию камбудиҳо ҷой доранд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ғафур Муҳсинзода пешниҳод карда шуд, ки дар беморхонаи мазкур муовини сартабиб оид ба масъалаи  модар ва кӯдак ташкил карда шавад.

Ҷиҳати бартараф намудани мушкилию камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба масъулини беморхона дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Декабрь 9, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад