Дар Беморхонаи минтақавии ноҳияи Ҷайҳун шуъбаи таваллуд ба истифода дода шуд

Декабрь 7, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 7.12.2020 /АМИТ  «Ховар»/.  Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Беморхонаи минтақавии деҳоти №3-и ноҳияи Ҷайҳун шуъбаи таваллуд ба истифода дода шуд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шуъбаи мазкур аз 5 ҳуҷра иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Зимни ба истифода додани шуъбаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иштирок намуданд.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зоир Набиев  иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саломатии аҳолӣ, махсусан хизматрасонии босифати тиббӣ ба модарону кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Давоми солҳои охир бо мақсади хизматрасонии босифат ва саривақтӣ ба модарону кӯдакон дар тамоми гӯшаву канори мамлакат якчанд муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба истифода дода шуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии  босифати тиббӣ ба аҳолӣ бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар гӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.

Декабрь 7, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд