Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ҳайвонот» сохта мешавад

Декабрь 16, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 16.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «Боғи ҳайвонот» -и муосири ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта мешавад.  Боғи мазкур дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз  1500 сар  ҷонвар пешбинӣ гардидааст. Сохтмони он соли 2021 оғоз мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

«Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии  пойтахт лоиҳаи ангоравии боғи мазкурро аз рӯи технологияи  муосир ва бо назардошти фикру мулоҳизаҳои мутахассисони аврупоӣ таҳия намудааст»,-афзуд манбаъ.

Мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравии «Боғи ҳайвонот»  дар  масоҳати 0, 40 гектари он  биноҳои маъмурию хизматрасонӣ сохта шуда, 0,85 гектар барои нигоҳубин ва барои ба намоиш гузоштани ҳайвоноти Тоҷикистон, 0,46 гектар барои ҳайвоноти хонагии минтақаи Тоҷикистон, 0,70 гектар барои ҳайвоноти Австралия, 0,84 гектар барои ҷонварони Амрико, 0,61 гектар барои ҳайвоноти Осиё, 0,90 гектар барои ҳайвоноти Африқо пешбинӣ гардидааст. Дар масоҳати 0,53 гектари боғ кӯл бунёд мегардад. Минтақаҳои мазкур бо дарназардошти миҷози ҷонварон ҷиҳозонида мешаванд.

Дар  «Боғи ҳайвонот»  ҳамчунин бунёди ду каҳвахона, мағозаи фурӯши  ҳайвонот, майдончаҳои варзишию фароғатӣ ва ду таваққуфгоҳ барои нигоҳдории 130 мошин дар назар дошта шудааст.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, то сохта ба истифода додани боғи нави ҳайвонот, дар «Боғи ҳайвонот»-и амалкунанда низ барои тамошои сокинон тамоми шароит фроҳам оварда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудаанд.

Декабрь 16, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид