Дар Душанбе 10-солагии қабули Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон натиҷагирӣ шуд

Декабрь 23, 2020 16:30

ДУШАНБЕ, 23.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  таҳти унвони “Стратегияи фаъолгардонии нақши занон-омили рушди имконият” конференсияи ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар он ҷамъбасти 10-солаи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия,  дигар сохторҳо ва таҳияи лоиҳаи нави Стратегияи мазкур барои солҳои 2021-2030 баррасӣ  гардид.

Тавре мухбири АМИТ “Ховар” София ШОИК аз ҷараёни конференсия хабар медиҳад, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки  “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ҳуҷҷати муҳимест, ки ба ҳалли проблемаҳои дарки зарурати таъмини баробарии гендерӣ ва татбиқи сиёсати гендерӣ аз ҷониби ҷомеа, номукаммал будани заминаҳои қонунгузорӣ дар ин самт, ҷой доштани ақидаҳои мухталиф бобати нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, нокифоя будани ҳамкории тарафайни мақомоти давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, ҷой доштани мушкилот дар амалисозии ҳуқуқҳои занон дар соҳаҳои мухталифи сиёсату меҳнат, иқтисоду фарҳанг равона гардида, дар доираи 9 боби таҳияшуда масоили болозикрро бо ҳадафҳои расидан ба мақсадҳо инъикос мекунад”.

Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити  муносиб барои ба таври васеъ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ ва дар  ин замина таъмини рушди устувори ҷомеа мутобиқи  моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 тасдиқ гардида, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози татбиқи он муайян гардид.

-Таҷлили 10 соли амалишавии  Стратегияи мазкур шаҳодати он аст, ки дар заминаи он санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба иштироки фаъолонаи занону бонувон дар раванди рушди иқтисоди миллӣ ба тасвибрасида зина ба зина дар амал татбиқ гардида истодаанд,-афзуд Ҳ. Қурбонзода.

Нуқтаи муҳиме, ки дар Стратегия таваҷҷуҳи махсус ба он равона гардидааст, амалишавии механизмҳои давлатӣ-иҷтимоӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкории мақомот ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо такя ба ташаббускориҳо, худфаъолияткунӣ ва худидоракунии шаҳрвандон-занону мардон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ буда, барои расонидани кумаки назариявӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон  оид ба масоили баробарии ҷинсҳо ва масъалаҳои гендерӣ нигаронида шудааст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ баён дошт, ки “воқеан ҳам нақши занон дар раванди идораи давлатӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле арзишманду муассир буда, аз ин хотир масъалаҳои дастгирии иҷтимоии занон, хусусан бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар меҳвари асосии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ зикр кард, ки “имрӯз дар ҷумҳурӣ 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 130 ҳазору 465 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Аз ин теъдод 77 ҳазору 407 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Сол то сол шумораи омӯзгорзанон дар соҳаи маориф меафзояд, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа дарак медиҳад”.

Дар кори конференсия ҳисоботи 10-солаи вазорату кумитаҳо ҷиҳати  дар амал татбиқ гардидани Стратегияи мазкур шунида шуда, пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Бо дарназардошти ба итмом расидани муҳлати амалишавии он бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи нави Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо нақшаву дурнамоҳои нави ҳаётан муҳим барои занону бонувон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

 

Декабрь 23, 2020 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд