Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолон доир шуд

Декабрь 26, 2020 09:46

ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр  таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракат Ғайбулло Афзалов оид ба корҳои тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроия анҷомёфта маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки дар баробари навовариҳои соли сипаришаванда моҳи декабр дар сохтори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал омада, дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракат Рудобаи Мукаррам, ки дар ин созмони ҷамъиятӣ 11 сол ҳамчун муовин фаъолият мекард, таъйин карда шуд.

Дар рӯзномаи маҷлис чор масъала, аз ҷумла гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ дар тӯли соли 2020, ҳисоботи Раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракат Ғ. Афзалов, вазифаҳо ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2021 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Кумитаи иҷроия Рудобаи Мукаррам дар бораи фаъолияти созандаи Пешвои миллат дар самти сулҳофарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, нақши Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин оид ба иҷро шудани бандҳои Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли сипаришаванда, фаъолияти гуногунпаҳлӯ ва бисёрсамтаи ин ниҳоди ҷамъиятӣ гузориш дод. Ӯ хизматҳои шоиста ва барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ махсус таъкид карда, афзуд, ки маҳз сиёсати созандаи Роҳбари давлат буд, ки имрӯз дар кишварамон сулҳу суботи саросарӣ ҳукмфармост.

Раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракат Ғ. Афзалов дар бораи таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, тарғиби сиёсати Пешвои миллат дар самти дӯстиву бародарӣ, ҳамзистии осоишта, баланд бардоштани худогоҳиву худшиносӣ, мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа, истеҳком бахшидан ба ғояҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои олӣ, ба мисли Ватан-Модар, дастовардҳои замони истиқлол, инчунин сафарҳои кории раёсати Кумитаи иҷроияи ҳаракат ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат маълумот дод.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам бо аъзои раёсат ва Шӯрои куҳансолон вазифаҳо ва лоиҳаи Нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро барои соли 2021 мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Аз ҷониби якчанд нафар аъзои Шӯрои куҳансолон пешниҳоди мушаххас  ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти минбаъдаи ҳаракат ироа шуд, ки ба инобат гирифта хоҳанд шуд.

Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, профессор Абдунабӣ Сатторзода, профессор Қурбон Восеъ, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳиба Ёқубова оид ба паҳлӯҳои гуногуни Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза изҳори ақида намуданд.

Фаъолияти ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Декабрь 26, 2020 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Барои масъулини башхи молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид
Маркази миллии тестӣ ба кадом гурӯҳи довталабон имтиёз медиҳад?
Садҳо нафар варзишгарони навраси ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба майдонҳои футбол баромаданд
Дурнамои таҳсилоти донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Бирмингем баррасӣ гардид
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Барои безарар ва хушсифат консерва намудани маҳсулот чӣ бояд кард?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Хоҷагиҳои кирмакпарварии ноҳияи Рашт истеҳсоли беш аз 16 тонна пиллаи хушсифатро ба нақша гирифтаанд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, душанбе, 153-юмин рӯзи соли 2025 аст
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Ҳисор аксияҳо гузаронида шуданд