Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мусобиқаи варзишӣ доир мегардад

Декабрь 1, 2020 16:29

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад, пагоҳ, 2 декабр дар толори варзишии Якка-чинор бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» барномаи варзишӣ ва мусобиқаи намудҳои баскетбол бо аробачаи маъюбӣ, дастхобонӣ, шоҳмоту шашка баргузор мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» хабар доданд.

Дар мусобиқа намояндагони Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, ТҶ «Федератсияи варзишгарони маъюби шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ», ТҶ «Федератсияи шашкаю шоҳмоти маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  иштирок менамоянд.

Ҳадафи гузарондани мусобиқаи варзишии мазкур пешбурди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба зиндагию фаъолияти шахсони маъюб мебошад. Зеро шахсони дорои имконияти маҳдуд низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа буда, дар баробари дигар шаҳрвандони мамлакат баробарҳуқуқанд.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 марти соли 2018 ба Конвенсияи СММ «Оид ба ҳуқуқи маъюбон» имзо гузоштанд. Чунин икдом бори дигар собит менамояд, ки шахсони маъюб дар сиёсати иҷтимоию хирадмандонаи давлату ҳукумати Тоҷикистон мавқеи хосса ишғол менамоянд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 1, 2020 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд