Дар Душанбе оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ ҳамоиш доир гардид

Декабрь 1, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қариб як сол аст, ки бемории COVID-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаву имрӯзҳо мавҷи дуввуми он дар баъзе давлатҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар иртибот ба ин аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ, интиқол ва сирояти ин навъи беморӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамчунин дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии пайдоиш ва интиқоли бемории навъи коронавирус аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Мутаассифона, вазъияти рӯзҳои охир нишон медиҳад, ки қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба пӯшидани ниқоб дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нигоҳ доштани фосилаи муайян дар пойтахт пурра амалӣ намегарданд.

Ин нуктаро имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни баргузории ҳамоиш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории   сироятии коронавируси COVID-19, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён дошт.

Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода, муовинони раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои шаҳрии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази санитарию эпидемиологӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу литсейҳо ва сохторҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мавсума Муинӣ зикр кард, ки муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе дар маҷлии назоратӣ бевосита дастури такрорӣ доданд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии мамлакат ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби хонандагон, донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, аз ҷониби сокинону меҳмонони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ пурра  гузаронида шаванд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисттон Самариддин Ализода зикр дошт, ки “вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба бемории коронавирус ва мавҷи дуввуми он боиси нигаронист. Аз ин рӯ баҳри  пешгирии интиқоли мавҷи дуввуми ин беморӣ Ситоди ҷумҳуриявӣ доир гардида, баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва оммавиро манъ намуд. Ҳамчунин аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ хоҳиш карда мешавад, ки дастурамали Вазорати маориф ва илмро доир ба пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ пурра риоя намоянд. Зеро мавҷи дуввуми ин беморӣ бештар ба шахсони ҷавон сироят менамояд, аммо аломатҳояшро маълум намесозад. Аз ин рӯ ҷавонон метавонанд дар ҷомеа манбаи сироят гарданд”.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки “аз рӯи санҷиши  гурӯҳи кории мо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат дастурамали ба бар намудани ниқоб ҳамагӣ 30 фоиз иҷро мегардаду халос. Ҳамчунин риояи масофаи иҷтимоӣ, санҷиши ҳарорат ва безараргардонӣ пурра иҷро намегарданд. Дар баъзе аз муассисаҳо ҳароратсанҷҳо аз ҷониби муҳофизон истифода мешаванд, ки ин аз рӯи талаботи дастурамал нест. Зеро як нафар наметавонад  ҳарорати ҳамаи муҳассилинро пурра санҷад”.

Абдухолиқ Амирзода иброз дошт, ки тӯли се моҳи охир аз ҷониби ягон муассисаи таҳсилоти миёна ва олӣ ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр вобаста ба ҳарорати баланд доштани ягон муҳассил муроҷиат ворид нагардидааст. Агар ин аз як ҷониб хуб бошад, аммо аз ҷониби дигар шубҳанок метобад, ки наход тӯли ин қадар рӯзҳо ягон нафар бо ҳарорати баланд ба қайд гирифта нашуда бошад”.

Мавсума Муинӣ зикр дошт, ки хушбахтона, имрӯзҳо сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар  шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ мо бояд фориғбол нагардем, балки қоидаҳо ва тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиро пурра иҷро намоем.

Декабрь 1, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд
Барои иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад