Дар Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар Суғд таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёт баррасӣ гардид

Декабрь 14, 2020 11:26

ХУҶАНД, 14.12.2020. /АМИТ Ховар/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар ин вилоят,   Форуми мазкур бо назардошти меъёрҳои беҳдошти санитарӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардида, дар кори он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои ҶТ, профессор Шариф Раҳимзода- ҳарду тариқи он-лайн,  муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони МОИ «Суғд», бонкҳои дар вилоят амалкунанда, инчунин коршиносон, олимону мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зикр дошт, ки таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Зикр гардид, ки баргузории Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои ҶТ, профессор Шариф Раҳимзода тариқи онлайн вобаста ба аҳамияти ташкили Форум, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии мамлакат дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дар қисми дувуми кори форум бо иштироки соҳибкорону роҳбарони коргоҳҳои муваффақи истеҳсолии миқёси вилоят, намояндагони бонкҳои дар вилоят амалкунанда бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ мизи мудаввар доир гардида, маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Иқтидори иқтисодии вилояти Суғд», «Нақши коргоҳҳои истеҳсоливу кишоварзӣ дар рушди соҳаи саноатикунонӣ ва кишоварзӣ», «Баланд бардоштани дониши иқтисодии соҳибкорон дар шароити муосир (ҷаҳонишавӣ)»,  «Аҳамияти малакаҳои касбии мутахассисон дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ» шунида шуданд.

Зикр гардид, ки маҳз бо татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ шуда, миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда меафзояд. Ин омилҳо метавонанд ба рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонанд.

Абдуаҳад ДАДОБОЕВ,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2020 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд