Дар хоҷагиҳои чорводории Суғд истеҳсоли шир ва наслгирӣ аз моли калон афзудааст
ХУҶАНД, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли 2020 дар хоҷагиҳои чорводории 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 18748,6 тонна ё баробари 90,4 фоизи дурнамо шир истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 458,3 тонна зиёд аст. Аз ҷумла, дар ин давра дар хоҷагиҳои ноҳияи Б.Ғафуров — 5216,5 тонна, Исфара — 3228,1 тонна, Ҷ.Расулов – 2355,3 тонна, Мастчоҳ — 1610,4 тонна, Конибодом — 1196,5 тонна, Панҷакент – 1051,6 тонна шир истеҳсол гардидааст.
Тавре масъулини шуъбаи чорводории Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, истеҳсоли шир дар ин давра дар миқёси вилоят ба ҳисоби миёна дар як рӯз 41,4 тоннаро ташкил додааст. Тибқи нақшаи дурнамо имсол дар хоҷагиҳои чорводории вилоят истеҳсоли 20747 тонна ба назар гирифта шудааст.
Инчунин наслгирӣ аз моли калон низ тибқи дурнамо 10 139 сарро дар бар гирифта, иҷро нақша дар ин давра 85,3 фоиз ё 8644 сарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ин давраи соли гузашта 130 сар зиёд мебошад.
Ҳамзамон то 1 декабри имсол афзоиши иҷрои наслгирӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 109,4 фоиз, Кӯҳ.Мастчоҳ – 98,1 фоиз, Айнӣ — 95,9 фоиз, Б.Ғафуров – 89,3 фоиз, Конибодом — 85,8 фоиз, Ҷ.Расулов – 85,2 фоиз, Панҷакент – 83,0 фоиз, Шаҳристон – 79,8 фоизро ташкил додааст.








Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад






