Дар хоҷагиҳои чорводории Суғд истеҳсоли шир ва наслгирӣ аз моли калон афзудааст

Декабрь 9, 2020 10:48

ХУҶАНД, 09.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 11 моҳи соли 2020 дар хоҷагиҳои чорводории 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 18748,6 тонна ё баробари 90,4 фоизи дурнамо шир истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 458,3 тонна зиёд аст. Аз ҷумла, дар ин давра дар хоҷагиҳои ноҳияи Б.Ғафуров — 5216,5 тонна, Исфара — 3228,1 тонна, Ҷ.Расулов – 2355,3 тонна, Мастчоҳ — 1610,4 тонна, Конибодом — 1196,5 тонна, Панҷакент – 1051,6 тонна шир истеҳсол гардидааст.   

Тавре масъулини шуъбаи чорводории Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, истеҳсоли шир дар ин давра дар миқёси вилоят ба ҳисоби миёна дар як рӯз  41,4 тоннаро ташкил додааст. Тибқи нақшаи дурнамо имсол дар хоҷагиҳои чорводории вилоят истеҳсоли 20747 тонна ба назар гирифта шудааст.

Инчунин наслгирӣ аз моли калон низ тибқи дурнамо 10 139 сарро дар бар гирифта, иҷро нақша дар ин давра 85,3 фоиз ё  8644 сарро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ин давраи соли гузашта 130 сар зиёд мебошад.

Ҳамзамон то 1 декабри имсол афзоиши иҷрои наслгирӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара – 109,4 фоиз, Кӯҳ.Мастчоҳ – 98,1 фоиз, Айнӣ — 95,9 фоиз, Б.Ғафуров – 89,3 фоиз, Конибодом  — 85,8 фоиз, Ҷ.Расулов – 85,2 фоиз, Панҷакент – 83,0 фоиз, Шаҳристон – 79,8 фоизро ташкил додааст.

Декабрь 9, 2020 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад