Дар Конибодом дар 30 гектар замини бекорхобида боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом дар 30 гектар замини бекорхобида боғи интенсивӣ бунёд карда мешавад. Боғи интенсивӣ бо истифода аз ниҳолҳои қадпасти зардолу, шафтолу, олу ва бодом, ки натиҷаи селексияи ниҳолпарварони маҳаллӣ аст, бунёд мегардад. Дар марҳилаи аввал 12 гектар замини бекорхобида азхуд карда шуда, дар он ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида мешаванд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Конибодом бо ҷараёни корҳои бунёдии боғи мазкур шинос шуд. Раиси вилоят бо боғпарварон суҳбат намуда, иброз дошт, ки ташкили боғҳои нав бо риояи тавсияҳои олимону мутахассисон ба роҳ монда шавад. Бунёди боғҳои нави интенсивӣ дар Конибодом имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи мамлакат афзун гардад.








ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад






