Дар коргоҳи нави дӯзандагии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 25 нафар бонувони хонанишин бо кор таъмин гардиданд

Декабрь 18, 2020 13:14

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи Чашмасори  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз  ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноҳид» коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз  намуд. Дар коргоҳи мазкур   зиёда аз 25 нафар бонувони хонанишини пойтахт  бо ҷойи кори доимӣ таъмин  гардиданд. Дар маросими кушодашавии ин корғоҳ  намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштанд. Дар ин бора муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

«Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри касбу ҳунаромӯзии  занону духтарони хонашин ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба кор даромадани коргоҳи мазкур низ аз ҷумлаи онҳост»,- иброз намуд  муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода.

«Корхонаи навбунёд бо дастгоҳҳои муосири дӯзандагӣ, ки даҳҳо амалиётро анҷом медиҳанд, ҷиҳозонида шудааст. Аз ин рӯ, дар навбати аввал 25 нафар занони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, ба онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба тарзи истифода аз ин дастгоҳҳоро меомӯзонанд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд»,-афзуд номбурда.

Ёдовар мешавем, ки   ду рӯз пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои 80 нафар духтарону бонувони пойтахт дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе» давоми як моҳ курси омӯзишии «Бонуи ҳунар» ташкил карда шуд.

Ташкили курсҳои омӯзишӣ ба соҳибкасб намудани занону бонувон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону бонувон аз оилаҳои ниёзманд ва мусоидат ба беҳдошти вазъи иҷтимоии занону духтарон равона гардидааст.

Соли равон дар пойтахт аз ҷониби мақоми шаҳрии ваколатдори соҳа 2166 нафар занону бонувон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  410 нафар зиёд мебошад.

Декабрь 18, 2020 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард