Дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз як миллион сомонӣ қарзи ҳаққи истифодаи барқ пардохт гардид

Декабрь 31, 2020 11:44

 РӮДАКӢ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар натиҷаи ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба  сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз  15 то 29 декабри соли равон зиёда аз 1 миллион сомонӣ қарзи ҳаққи истифодаи барқ  аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ пардохт гардид. Ҳамчунин дар ин муддат барои дуздӣ, яъне  ғайриқонунӣ истифодабарии неруи  барқ 32 адад санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маблағи ҷаримаи 78 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуд, ки аз он алакай 43 ҳазору 510 сомонӣ пардохт гардидааст. Дар  ин бора сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ Хуршед Умаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар ноҳия Рӯдакӣ дар муддати аз  15 то 29 декабр  264 ҳазор киловатт-соат қувваи барқ сарфа  гардидааст, ки дар натиҷаи сарфакорона истифода бурдани он  сокинони ноҳия ба буҷети оилаҳояшон  фоида оварданд.

Хуршед Умаров  иброз дошт, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 адад коргоҳҳои нонпазӣ ва зиёда аз 10 адад ҳаммомҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд, ки баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ имрӯзҳо бо ҳезум ва ангишт фаъолият менамоянд ва қувваи барқро танҳо барои рушноӣ истифода мебаранд.

Имрӯзҳо дар фасли зимистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби соҳибкорон 95 нуқтаи фурӯши ангишту ҳезум ба таври доимӣ ва сайёр, инчунин  55 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошта, дар сарфакорона истифодабарии қувваи барқ дар байни аҳолӣ саҳми муносиб  доранд.

Декабрь 31, 2020 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб 5 нуқтаи фурӯши ангишт таъсис дода шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар мулоқот бо интихобкунандагон мавзӯъҳои муҳиму рӯзмарраро тавзеҳ доданд
Дар Исфара маблағи аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ рӯёнидашуда 3 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил намуд
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Данғара ба оилаҳои ниёзманд 5-халтагӣ ангиштсанг кумак расониданд
Дар Исфара якчанд оилаи ниёзманд ва маъюбро бо як миқдор ангишт ва ҳезум таъмин намуданд
«Сарфаи неруи барқ-масъулияти ҳар яки мост»-таҳти ин унвон дар Суғд беш аз се ҳазор мақолаву хабар, гузоришу мусоҳибаҳо омода ва нашр шуданд
САРФАКОРӢ — НИЗОМИ ЗИНДАГӢ. Муҳандиси барқ Аслиддин Назарзода манфиати сарфакорӣ дар истифодаи барқ ва роҳҳои ноил шудан ба онро шарҳ медиҳад
Дар шаҳри Кӯлоб давоми 5 рӯзи охир беш аз 110 ҳазор киловатт-соат неруи барқ сарфа гардидааст
Дар Файзобод қарзҳои истифодаи неруи барқро баргардониданд
Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон
Дар Хатлон гурӯҳҳои муштарак корҳои фаҳмондадиҳиро бобати истифодаи самараноки қувваи барқ тақвият мебахшанд
Далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи «Нафиса» дар пойтахт ошкор гардиданд