ДУШАНБЕ, 25.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни мулоқот бо сокинони деҳаҳои Ҷамоти деҳоти ноҳияи Сангвор оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти зироат бо истифода аз тухмиҳои хушсифат, пешгирии бемории сироятии коронавирус ва корҳои ободонию созандагӣ бо раисони маҳалла, вакилон ва директорони муассисаҳои таълимӣ суҳбат намуд.
Дар ин бора аз мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба захираи маводи ғизоӣ, вусъат додани тадбирҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, тайёрӣ ба кишти баҳорӣ ва дар маҷмӯъ оид ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум маслиҳатҳои муфид дода шуданд.
Аз ҷониби иштирокдорон зикр гардид, ки дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз 17 то 23 декабр 17 608 кВ/соат қувваи барқ сарфа карда шуда, қарзи қувваи барқ ба маротиб коҳиш ёфтааст.
Зимни сафар оилаҳои ниёзманд аёдат ва ба зиёда аз 20 оила кумак расонида шуд.