Дар шаҳри Хуҷанд 20 бех ниҳолҳои 6-метраи нодири магнолия шинонида шуданд

Декабрь 25, 2020 08:23

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар гулгашту майдонҳои марказии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 20 бех ниҳолҳои 6-метраи нодири навъи магнолия шинонида шуданд.

Тавре аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур  дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии «1300 рўзи меҳнати зарбдор» роҳандозӣ шудааст.

Ҳоло беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири калонҳаҷму ҳамешасабз дастрас гардида, рўзҳои наздик дар  кўчаву хиёбонҳои шаҳр шинонида мешаванд. Ҳамчунин дар ин майдонҳо беш аз 80 ҳазор пиёзаки гули лола шинонида шудааст.

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи ниҳолшинонӣ, магнолия ба растаниҳои гулдори қадим тааллуқ дошта, аз рӯи зебоии барг ва гулҳояш нотакрор мебошад. Магнолия ба гурӯҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, дар хориҷи дуру наздик асосан дар гулгаштҳо шинонида мешавад.

Тибқи тавсияи мутахассисон, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахасисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хеле нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр кандан лозим аст.

Декабрь 25, 2020 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид