Дар шимоли Ироқ шаш ҷангҷӯи ДИ* маҳв карда шуданд

Декабрь 1, 2020 15:05

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Неруҳои таъйиноти махсуси Хадамоти зиддитеррористии Ироқ /ХЗИ/ бар зидди ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» /ДИ/ * дар қисмати ҷанубии музофоти Нинава амалиёт гузаронида, шаш террористро маҳв карданд. Дар ин бора ХЗИ рӯзи душанбеи 30 ноябр иттилоъ дод, менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИ «Синхуа».

Неруҳои таъйиноти махсус бо дастгирии неруҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии ИМА ба ғоре дар кӯҳи Маҳмур дар ҷануби Мосул, дар 400 км шимоли Бағдод, ки ҷангиён паноҳ бурда буданд, ҳамла намуданд.

Тавре дар изҳорот омадааст, ҳангоми задухӯрд дар ғор се ҷангҷӯи ДИ кушта шуда, боқимонда зимни ҳамлаи ҳавоии эътилоф ҳангоми кӯшиши фирор маҳв карда шуданд.

Дар ҷараёни амалиёт як фармондеҳ захмӣ шуд.

ДАР АКС: неруҳои мусаллаҳи Ироқ. Аксҳо аз бойгонӣ

______________________________________

*Гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнуъ

Декабрь 1, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид