Дар Тоҷикобод баҳри пешгирии бемории ВНМО корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият меёбанд

Декабрь 2, 2020 15:51

ТОҶИКОБОД, 02.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод баҳри пешгирии бемории Вируси норасоии масунияти одам ҷамъомад доир гардид, ки дар он  мутахассисони соҳаи тибби ноҳия дар  мавзӯъҳои «Таърихи пайдоиши ВНМО дар ҷаҳон», «Пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Асосҳои илмӣ барои аз ташхиси саривақтӣ гузаронидани занони ҳомиладор» маърӯзаҳо қироат намуданд.

Тибқи иттилои директори Маркази ВНМО-и ноҳияи Тоҷикобод Маҳмуд Олимов, аз соли 2007 то имрӯз Маркази мазкур  42 нафар гирифторони ин бемориро ба қайд гирифтааст, ки аз ин 17 нафарашон занон ва 3 нафарашон бачаҳои то синни 16 мебошанд. Аз шумораи умумии гирифторшудагон 9 нафар фавтидаанд, ки аз он  6 нафар мард ва 3 нафар зан мебошанд.

Тавре дар ҷамъомад зикр гардид, соли 2017 якбора  11 нафар гирифторони беморӣ дар ноҳия ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар мисоли ноҳияи хурди Тоҷикобод боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Вале маълумоти охири оморӣ нишон медиҳад, ки хушбахтона, солҳои охир гирифторӣ ба ин беморӣ камтар ба назар расида, новобаста аз ин мубориза барои пешгирии он кори умумӣ эълон гардидааст ва аз аҳли ҷамоат талаб карда шуд, ки бетарафӣ зоҳир накунанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни гузаронидани ташхисҳо муайян гардидааст, ки асосан муҳоҷирони меҳнатӣ мубталои ВНМО мегарданд. Ин қабил ҷавонон бинобар ноогоҳӣ аз бемории СПИД бо шахсони тасодуфӣ алоқаи ҷинсӣ карда, ногузир сироят меёбанд. Баъди бозгашт аз муҳоҷират зиндагии худ ва атрофиёнашонро дар хатар гузошта, сабабгори сироят ёфтани ҳамсар ва тифлони бегуноҳи худ мегарданд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати пешгирӣ ва муайян намудани бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар байни аҳолӣ тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо маркази ВНМО дар ҳама ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия вохӯриҳо ташкил шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ мондаанд.  Барои огоҳии пурраи ҷавонон аз ин вабои аср дар маркази деҳаҳо тавассути овезаҳо дар бораи пешгирӣ аз мубталоӣ ва хатари бемории ВНМО   маълумот насб гардида, аз мардум даъват ба амал оварда шудааст, ки аз ташхис гузаранд ва солимии худро ҳифз намоянд. Махсусан ҷавононе, ки аз давлатҳои дигар, яъне аз муҳоҷират ба ватан бармегарданд, пеш аз ҳама бояд аз ташхис гузаранд. Зеро  интиқолдиҳандагони ин беморӣ ба ватани мо муҳоҷирон мебошанд.

Тибби муосир дар муолиҷаи беморони ВНМО ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дору ва давоҳое ихтироъ гардидаанд, ки дар сурати сари вақт муроҷиат намудан қодиранд ҳамсар ва фарзандони ояндаи шахси сироятёфтаро аз сироятёбӣ нигаҳ доранд. Шахси сироятёфта низ зиндагии худро ҳамчун фарди солим дар якҷоягӣ бо ҳамсару фарзандонаш давом дода, дар оянда метавонад насли солим ба  дунё биёрад.

Маркази пешгирӣ  ва мубориза бар зидди ВНМО  дар беморхонаи марказии ноҳия воқеъ гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ, озмоишгоҳи  ташхис, табибони ихтисосманд таъмин мебошад. Аз шаҳрвандон, ба вижа муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои навбунёд хоҳиш мешавад, ки  ба марказҳои ВНМО муроҷиат кунанд. Зеро маҳз саломатии онҳо пойдевори асосии барпо намудани ҷомеаи солим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 декабр ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД)-ро таҷлил менамоянд. Мақсад аз он иттилоотонии ҷомеа оид ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои сироятёбии он мебошад.

Декабрь 2, 2020 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд